Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори пешини Бишкек шартан аз ҳабс озод шуд


Азиз Суракматов, шаҳрдори пешини Бишкек
Азиз Суракматов, шаҳрдори пешини Бишкек

Шаҳрдори пешини Бишкек Азиз Суракматов, ки ба суистифода аз мансаб ва фасодкорию қаллобӣ муттаҳам аст, розӣ шудааст, бо муфаттишон ҳамкорӣ кунад. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 16-уми июл хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳукми ҳабси пешакии Суракматов бо қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек тағйир дода шуда, ӯ ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод гаштааст.

"Суракматов дар робита ба ҳолатҳои тағқсими ғайриқонунии замин дар ҳудуди Бишкек баёнот дода, аз 170 миллион сом хисорот 150 миллион сомашро пардохт кард. Хисороти боқӣ тибқи ҷадвал пардохт карда мешавад", -- гуфтанд дар кумита.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон қаблан гуфта буд, ки Суракматов "бо мақсади ба даст овардани сарвати ғайриқонунӣ аз мақоми худ сӯистифода карда, ба ниҳодҳои масъули тақсими замин фишор меовардааст, то ба ширкатҳои мавриди назараш қитъаи замин диҳанд".

Шаҳрдори пешини Бишкек 26-уми май аз сӯи маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон боздошт шуда буд.

Азиз Суракматови 51-сола солҳои 2018-2020 шаҳрдори Бишкек буд. Дар гузашта вакили порлумони Қирғизистон низ буд. Соли гузашта дар пайи ҳаводиси моҳи октябри Қирғизистон аз мақомаш истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG