Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як гуруҳи рахнагарон аз Интернет хориҷ шудааст


Як гурӯҳи ҳакерӣ ё рахнагарони интернетӣ, ки моҳи равон бо талаби пул ба шабакаҳои иттилоотӣ ҳамла карда буд, аз интернет хориҷ шудааст.

Овозаҳо пайдо шудаанд, ки шояд ин амал зери фишори ҳукумат иҷро шудааст. Пажуҳишгарон мегӯянд, саҳифаҳои интернетии гурӯҳи маъруф бо номи РЕВИЛ рӯзи 13-уми июл аз интернети пинҳонӣ, ки мавриди истифодаи рахнагарон аст, ғайб задаанд.

Қасри Сафед ҳам аз ибрози назар дар ин масъала худдорӣ кардааст. Гурӯҳи РЕВИЛ 2-юми июл ба шабакаҳои интернетии ширкати амрикоии КАСЕЯ ҳамла карда, дар саросари олам фаъолияти наздик ба ҳазор муассисаро бо бунбаст дучор кард.

РЕВИЛ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифта, талаб карда буд, ки барои хунсо намудани он 70 миллион доллар пардохт шавад.

Рӯзи 9-уми июл дар як суҳбати телефонӣ президенти Амрико ба раҳбари Русия гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида ҳар амали заруриро барои ҳифзи манфиати амрикоиҳо ва сохторҳои амрикоӣ аз ҳамлаҳои ҳакерӣ анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG