Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон намози Иди Қурбон баргузор мешавад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шӯрои уламои Маркази исломӣ қарор кард, ки намози Иди Қурбон дар Тоҷикистон хонда мешавад, аммо аз имомхатибон хоста шудааст, ки дар мавъизаҳои худ мардумро ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ даъват кунанд.

Соли гузашта Иди Қурбон дар Тоҷикистон бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус бидуни намози дастҷамъӣ баргузор шуда буд.

Қарори нави Шӯрои уламо рӯзи 14-уми июл қабул шуд. Бар асоси он Иди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи 20-уми июл таҷлил мешавад. Намози идро ба соати шашуними субҳ таъин кардаанд.

Иди Қурбон, яке аз ду иди мусалмонӣ, солҳо боз дар Тоҷикистон истироҳати расмӣ эълон шудааст. Дар ин рӯз сокинон барои адои намоз ба масҷидҳо рафта, сипас, онҳое, ки тавон доранд, ба қурбонӣ ва дигарон барои зиёрати қабри гузаштагону аёдати хешутабор мераванд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон чанд сол пеш ҳангоми таҳияи беш аз 500 номгӯйи фарҳанги ғайримоддӣ Иди Қурбонро ба қатори ҷашнҳои нимфаъол дар кишвар шомил карда буд. Муаллифон гуфтанд, "қаламрави таҷлили Иди Қурбон чандон густарда нест". Нуктае, ки бисёре аз сокинон бо он розӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG