Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба зидди Орҳан Инондӣ дар Туркия айб эълом шуд


Ҳангоми суханронии Эрдуғон тасвири Инондиро намоиш доданд
Ҳангоми суханронии Эрдуғон тасвири Инондиро намоиш доданд

Додгоҳе дар шаҳри Анкараи Туркия президенти муассисаҳои байналхалқии омӯзишии "Сапат" Орҳан Инондиро бо айби "роҳбарии созмони мусаллаҳи террористӣ" ба ҳабс гирифт.

Ба иттилои хабаргузории "Анадолу", қарори ҳабси пешакии Инондӣ 12-уми июл содир шудааст. Инондӣ дар мусоидат кардан ба дарёфти шиносномаҳои шаҳрванди Қирғизистон ба аъзои созмони ФЕТО-и марбут ба Фатҳуллоҳ Гюлен ва мудирияти маблағҳои созмони мазкур дар Осиёи Марказӣ айбдор мешавад. Мақомоти Туркия созмони ФЕТО-и рӯҳонии турк Гюленро террористӣ унвон кардаанд.

Расонаҳои Туркия навиштанд, ки Орҳан Инондӣ дар рафти бозпурсӣ иттиҳоми эъломшударо эътироф кардааст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия рӯзи 5-уми июл хабар дода буд, ки Орҳан Инондӣ аз Қирғизистон ба Туркия бурда шудааст.

Ба қавли Эрдуғон, амалиёти ба Туркия овардани Инондиро Созмони миллии иктишофӣ анҷом додааст. Эрдуғон аз Орҳан Инондӣ "мудири ФЕТО дар Осиёи Марказӣ" ном бурд. "Мо ба ҳеч сохторе иҷоза намедиҳем, ки камин гирад, хун резад ва ё зарари моливу маънавӣ орад ва мавҷудияташро идома диҳад", - гуфт Эрдуғон.

Вай илова кард, ки то кунун бештар аз 100 кас аз кишварҳои дигар ба Туркия истирдод шудааст.

Президенти мактаби байналмилалии "Сапат" шаби 1-уми июн дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Писари Инондӣ гуфт, он шаб падараш занг зада, гуфтааст, дар роҳ ба сӯи хонаашон мебошад.

Орҳан Инондӣ зодаи Туркия ва яке аз бунёдгузорони шабакаи мактабҳои "Сапат"-у донишгоҳи "Отатурк Ала-Тоо" мебошад. Ӯ шаҳрвандии Қирғизистонро дорад.

XS
SM
MD
LG