Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Разиюлло Атохонов, доктори тоҷики илмҳои психология дар Маскав даргузашт


Разиюлло Атохонов
Разиюлло Атохонов

Профессор Разиюлло Атохонов, доктори илмҳои психология ё равоншиносӣ, дар 85-солагӣ дар шаҳри Маскав даргузашт. Пайвандони пажӯҳишгари тоҷик рӯзи 13-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ бо нияти сафар ба Тоҷикистон билети ҳавопайморо гирифта буд, вале пеш аз парвоз вазъи саломатиаш нохуб шуда, дар шифохона ҷон дод.

Атохонов аз ташабускорони таъсиси кафедраи психологияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар соли 1982 буда, дар мавзӯи «Психологияи инкишофи тафаккури математикии хонандагон» дар назди Пажӯҳишгоҳи психологии Академияи маорифи Русия рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.

Ӯ аз муаллифони китоби дарсии математика барои хонандагони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон то синфи 4-ум ва муаллифи даҳҳо асари илмӣ дар риштаҳои риёзӣ, педагогика ва психология аст.

Солҳои дароз ба донишҷӯён ва унвонҷӯён дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгорӣ, Донишгоҳи Давлатии Тюмен, Донишгоҳи нафту гази Тюмен ва Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Таболски Русия дарс гуфтааст.

XS
SM
MD
LG