Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон кам, аммо фурӯшаш ба хориҷа бештар шудааст


Мақомоти Тоҷикистон камбуди барқро дар зимистон ба сардӣ ва дар тобистон ба гармии ҳаво рабт медиҳанд
Мақомоти Тоҷикистон камбуди барқро дар зимистон ба сардӣ ва дар тобистон ба гармии ҳаво рабт медиҳанд

Истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон коҳиш, аммо содироти он ба хориҷ аз кишвар афзоиш ёфтааст. Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистон дар ним сол ба хориҷа бештар аз 917 миллион киловат соат нерӯи барқ додааст. Ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4,7 миллион киловат соат зиёд аст.

Афзоиши фурӯши барқ ба хориҷ дар ҳолест, ки сокинони баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистон баҳори имсол бо маҳдудият барқ мегирифтанд. Ин шабу рӯз низ мардум аз камбуди барқ дар чанд шаҳру ноҳияҳо шикоят доранд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар шаш моҳи имсол истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон 10 миллиарду 73,1 миллион киловат соатро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 170 миллион киловат соат кам аст.

Рӯзи 12-уми июл ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе хабарнигорон аз Далер Ҷумъа, вазири энергетика, пурсиданд, ки чаро бо вуҷуди кам шудани тавлидоти барқ ва ҷорӣ намудани маҳдудият содироти он ба хориҷ афзоиш ёфт? Вазир посух дод, ки "маҳдудияти барқ ба зимистон рост меояд ва содиротро аз якуми майи имсол шурӯъ кардем".

Ӯ таъкид намуд, ки содироти барқ моҳи май ба июн ба давлатҳои ҳамсоя, асосан ба Узбекистону Афғонистон зиёд шудааст.

Вазири энергетика мегӯяд, содироти барқ ба хориҷ аз моҳи май оғоз ёфтааст, аммо қаблан расонаҳо аз содироти барқ дар моҳҳои аввали имсол гузориш дода буданд.

Моҳи март хабаргузории “Авесто” навишт, ки Тоҷикистон дар ду моҳи аввали имсол аз ҳисоби содироти нерӯи барқ ба хориҷа беш аз 7 миллион доллар даромад гирифтааст.

XS
SM
MD
LG