Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дипломатҳояшро аз Мазори Шариф ба Узбекистон бурд


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Дипломатҳои консулгарии Русия дар Мазори Шарифи Афғонистон, ки муваққатан дар шаҳри Хайратон кор мекарданд, ба Узбекистон бурда шуданд. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо истинод ба намояндаи Вазорати умури хориҷии Узбекистон Юсуф Кабулҷонов хабар додааст.

Сафири Русия дар шаҳри Кобул Дмитрий Жирнов иттилоъ додааст, ки консулгарии кишвараш дар Мазори Шариф то замони "ба эътидол омадани вазъ" баста хоҳад монд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, вазъ дар худи шаҳру атрофи он ноором аст.

Мазори Шариф чаҳорумин шаҳри бузурги Афғонистон аст, ки дар шимоли вилояти Балх, дар 58-километрии шаҳри Тирмизи Узбекистон ҷойгир мебошад

Ҳамлаҳои Толибон дар Афғонистон дар пайи оғози бурунрафти неруҳои ИМА ва кишварҳои дигари НАТО тақвият ёфтаанд. Эътилофи ғарбӣ тасмим дорад, ки то миёнаҳои моҳи сентябри соли равон неруҳои худро пурра аз Афғонистон берун барад.

Ба гуфтаи ҳукумати Афғонистон, дар натиҷаи задухурдҳои мусаллаҳонаи неруҳои ин кишвар бо Толибон беш аз 2 миллион одам гуреза шудааст.

XS
SM
MD
LG