Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов писараш Сардорро ба мақоми ноиб-сарвазир дар умури иқтисодӣ, масоили бонкӣ ва созмонҳои байналхаоқии молӣ таъйин кард. Дар ин бора Бердимуҳаммадов дар як ҷаласаи ҳукуматаш рӯзи 9-уми июл хабар дод.
Ба ин тартиб, Сардори 39-сола аз мақоми раиси Палатаи олии назорат барканор шудааст.
Ин дувумин таъйиноти Сардор Бердимуҳаммадов ба мансабҳои баландпоя дар ним соли охир аст. Моҳи феврали имсол писари Бердимуҳаммадов ба мақоми раиси Палатаи олии назорати Туркманистон таъйин шуда буд.
Аз моҳи феврал ба ин тараф Сардор Бердимуҳаммадов борҳо ҳайати ҳукуматии Туркманистонро дар сафарҳои хориҷӣ роҳбарӣ кард.
Сардор Бердимуҳаммадов фаъолияти сиёсиашро соли 2016 шурӯъ кард. Дар расонаҳои расмии Туркманистон аз Сардор ба унвони "писари халқ" ёд мекунанд.
Дар ҷаласаи рӯзи 9-уми июл Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов Шомуҳаммад Дурдилиевро аз мақоми муовини раиси девони вазирони Туркманистон барканор кард. Ҳамзамон раиси Бонки марказии Туркманистон Мардон Аннадурдиев аз мақомаш барканор шудааст.