Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон ба марз бо Афғонистон нерӯ фиристод


Шаҳри Ишқобод, маркази Туркманистон
Шаҳри Ишқобод, маркази Туркманистон

Мақомоти Туркманистон дар пайи ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон нерӯҳои эҳтиётиро дар шаҳри Ишқобод ба ҳолати омодабош дароварданд.

Ба иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, мақомоти ин кишвар чанд рӯз пеш низ ҷойгиркунии техникаҳои вазнини низомӣ, чархбол ва зиреҳпӯшҳоро дар наздикии марз бо Афғонистон оғоз карда буданд.

Қисми низомие, ки дар шаҳри Марӣ қарор дошт, ба минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон кӯчонида шуд. Дар ин бора як манбаи баландпоя дар ниҳоди амниятии Туркманистон хабар дод. Марӣ дар 400-километрии Сарҳадобод, гузаргоҳи асосии марзии Туркманистон бо Афғонистон ҷойгир аст.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳо аз даъват шудани намояндагони Толибон ба Ишқобод хабар медиҳанд. Намояндаи расмии гурӯҳ дар Қатар Муҳаммад Наим баргузории гуфтугӯ дар Ишқобод ва баррасӣ шудани масоили амниятиро миёни ҷонибҳо тасдиқ кард.

Туркманистон бо Афғонистон 800 километр марз дорад.

XS
SM
MD
LG