Хадамоти амнияти федеролии Русия дар Пенза, Уфа ва Челябинск чаҳор ҷиноҳи созмони террористии "Ҳизб-ут-таҳрир"-ро безарар кардааст. Хабаргузории русии ТАСС менависад, дар пайи амалиёти махсус дар охири моҳи июн ва аввали моҳи ҷорӣ дар ин минтақаҳо, 11 узви фаъол ва чаҳор раҳбари ҷиноҳи созмони мазкурро аз ҳисоби шаҳрвандони Русия ва зодагони Осиёи Марказӣ, боздошт кардаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, онҳо дар миёни мусулмонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ "ба тарғиби идеологияи террористӣ" машғул будаанд. Аз боздоштшудаҳо маводи таблиғотии дар Русия мамнуъи "Ҳизб-ут-Таҳрир", дастгоҳи мухобиротӣ ва дигар ашёҳое, ки дар пешбурди фаъолияташон истифода мешудааст, мусодира гардид. Нисбати дастгиршудаҳо парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.