Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

125 сарбози афғонро аз марз ба фурудгоҳи Кӯлоб бурданд


Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Беш аз аз 120 низомии афғонистониро, ки рӯзи 4-уми июл аз ноҳияи Хоҳони Афғонистон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ақибнишинӣ карда буданд, барои интиқол ба Кобул ба фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб овардаанд.

Ин сарбозону афсарони афғон аз ҷумлаи беш аз ҳазор нафареанд, ки дар се рӯзи охир ба муқобилият бо Толибон тоб наоварданд ва ба хоки Тоҷикистон паноҳ ҷустанд.

Муҳаммад Ҳусейн, фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ дар Хоҳони Афғонистон, ки шоми 3-уми июл бо сарбозону афсарони таҳти амраш ба ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ақибнишинӣ карда буд, рӯзи 6-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, субҳ онҳоро ба Кӯлоб интиқол доданд.

Ҳоло маълум нест, ки 125 низомии афғон то чанд рӯз дар Кӯлоб боқӣ мемонанд.

“Ин чиз ниҳоӣ нашудааст, ки моро кай мебаранд ва чӣ вақт дар Кӯлоб мемонем. Ҳоло моро ҷобаҷо доранд”,--гуфт ӯ.

Муҳаммадзоҳир валади Сафаралӣ, афсари дигари афғонистонӣ гуфт, мунтазири бозгашт ба ватан ҳастанд. "Барои мо гуфтанд, ки бояд баргардем, вале кай маълум нест. Мо дар фурудгоҳи Кӯлоб интизор ҳастем",--гуфт ӯ.

Дар як моҳи ахир бори панҷум аст, ки низомиёни афғон ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ мекунанд. Теъдоди низомиёни паноҳанда аз 1500 нафар бештар шудааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, фирориёнро “бо назардошти принсипи инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ” қабул карданд.

Як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гуфт, ки масъалаи интиқоли сарбозони афғонистонӣ ба ватанашон дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо бо Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон рӯзи 4-уми июл матраҳ шудааст.

"Ба мо аз дастгоҳи иҷроияи президент гуфтанд, ки сарбозонро бо ҷойи хоб ва ғизо таъмин кунед ва ду президент машварат кардаанд, ки онҳо бояд баргарданд",--гуфт ӯ.

Аз Афғонистон тариқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин наздики 500 низомии афғон убур кардааст. Бархеро ба фурудгоҳи Кӯлоб интиқол доданд ва бархеи дигар дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин нигаҳдорӣ мешаванд.

Сарнавишти беш аз ҳазор низомии дигар ва дар куҷо қарор доштани онҳо маълум нест. Мақомот расман дар бораи макони нигаҳдории онҳо ва тасмимашон дар нисбат ба низомиён иттилое ба расонаҳо надодаанд.

Дар ду моҳи охир ҷанг миёни Толибон ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон афзоиш ёфт.

Гуруҳи Толибон аз тасарруфи даҳҳо ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистон хабар доданд. Ҳукумати Афғонистон тасарруфи комили ноҳияҳоро беасос медонад.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар изҳороти шоми 4-уми июл гуфт, ки Толибон беш аз 900 километр хатти марзи Афғонистон бо ин кишварро дар ихтиёр гирифтаанд.

Зоҳиран вазъи Афғонистон нигарониҳои ҷиддиеро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 5-уми июл бо раҳбарони Русия, Қазоқистон ва Узбекистон вазъи Афғонистонро баррасӣ кард. Ҳамон рӯз дар ҷалассаи Шӯрои амният Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки 20 ҳазор нерӯҳои эҳтиётиро ба марз сафарбар кунанд.

Ояндаи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон беш аз 1400 километр хатти марз дорад, норӯшан аст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, эҳтимоли афзоиши паноҳҷӯён аз кишвари ҳамсоя зиёд аст.

XS
SM
MD
LG