Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноамнӣ дар марз бо Тоҷикистон. Раҳмон бо Путин, Мирзиёев ва Тоқаев суҳбат кард


Дар суҳбати телефони президенти Тоҷикистон бо Мирзиёев, Тоқаев ва Путин "якбора бад шудани вазъи ҳарбию сиёсӣ дар Афғонистон"-ро муҳокима кардаанд.

Мақомоти тоҷик дар пасманзари афзоиши ҷанг миёни Толибон ва нерӯҳои ҳукуматӣ вазъ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро ҷиддӣ гирифтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 5-уми июл дар ҷалассаи Шӯрои амният дастур дод, ки 20 ҳазор нафар низомии эҳтиётиро ба марз сафарбар кунанд. Ин тасмим пас аз аз суҳбати Раҳмон бо раҳбарони Узбекистон, Қазоқистон ва Русия гирифта шуд. Дар суҳбати телефони президенти Тоҷикистон бо Мирзиёев, Тоқаев ва Путин "якбора бад шудани вазъи ҳарбию сиёсӣ дар Афғонистон"-ро муҳокима кардаанд. Сомонаи президенти Тоҷикистон навиштааст, ки ҷонибҳо аз ҷанг дар Афғонистон изҳори нигаронӣ намуданд.

Нигаронӣ аз ҳузури "Толибони тоҷикӣ"

Феълан, нерӯҳо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳолати омодабош қарор доранд. Дар ду рӯзи охир беш аз ҳазор низомии афғонистонӣ ба ҳамлаҳои Толибон тоб наоварданд ва ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки аз нисф зиёди марзи Афғонистон бо Тоҷикистон, яъне беш аз 900 километри он зери назорати Толибон қарор гирифтааст. Дар изҳороти Кумита гуфта мешавад, ки эҳтимоли вуруди бештари паноҳҷӯён ба хоки Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест.

Нигаронии мақомоти тоҷик аз ноамниҳо дар марзи кишвар дар ҳолест, ки аз ҳузури ҷангҷӯёни тоҷик дар саффи Толибон борҳо хабар нашр шудааст. Моҳи майи соли гузашта ин ҷангҷӯён, ки аз онҳо "Толибони тоҷикӣ" ном мебаранд, дар Дарвози Афғонистон беш аз 25 марзбони афғонро қатл карданд.

Раиси вулусуволии Нусайи Афғонистон мегӯяд, дар байни неруҳои Толибон, ки ин ноҳияро забт карданд, тоҷикон зиёданд.

"Ҷанг ақибнишинию пешравӣ дорад"

Эшони Зайнулобидин, раиси ноҳияи Нусай рӯзи 5-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, неруҳои амниятӣ дар вулусуволии зертобеаш ба Дарвози Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд. Раиси вулусволии Нусай хабарҳо дар бораи бе муқовимат ба Толибон ақибнишинӣ кардани сарбозони афғонро рад кард.

“Тақрибан шаш маротиба ҳамла карданд, ҳамларо баргардонданд. Чандин нафарашонро куштаву захмӣ карданд. Ҷанг аст ва ақибнишинию пешравӣ дорад. Мо ба зудтарин фурсат вулусуволии Нусай ва Дарвозро аз вуҷуди Толибон поксозӣ мекунем.”,--гуфт ӯ.

Эшони Зайнулобидин мегӯяд, дар миёни неруҳои Толибон хориҷиҳо аз ҷумла тоҷикон низ ҳастанд. Пештар низ мақомоти афғон гуфта буданд, покистониҳо, чеченҳо, тоҷикон ва узбекҳо дар миёни Толибон ҳастанд.

Гуруҳи Толибон дар моҳҳои ахир дар шимоли Афғонистон фаъол шудаанд ва ба гуфтаи худашон 143 вулусуволиро тасарруф кардаанд. Ҳарчанд Вазорати умури дохилии Афғонистон инро рад мекунад.

“Вазъият барои ҳама беҳад нигаронкунанда аст. Ин чӣ вазъият аст, суқути пай дар пай? Ин дигар дасти бегонаҳо, дасти хориҷиҳост,”-афзуд раиси вулусуволии Нусай.

Фирори 1545 сарбозу афсари афғон ба Тоҷикистон

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар пайи тасарруфи ноҳияҳои наздимарзӣ, дар як моҳи ахир беш аз 1500 сарбози афғон ба Тоҷикистон ақибнишинӣ кардаанд. Ин сарбозон силоҳҳои худро ба неруҳои Тоҷикистон супорида, мунтазиранд, ки барояшон чӣ тасмим гирифта мешаванд. Бархе сокинони ноҳияи Дарвоз гуфтанд, барои сарбозони фирории афғон аз мардуми маҳаллӣ хӯрокворӣ ҷамъ карда истодаанд.

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон мегӯянд, вазъият дар марз феълан ором аст.

Масрур Ғайратшоҳзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ванҷ ба Радиои Озодӣ гуфт, сарбозони афғон аз тариқи пул ба Тоҷикистон гузаштаанд.

“Ҷамоатҳои Язғулом ва Водхуди ноҳияи Ванҷ бо Афғонистон ҳамсарҳад ҳастанд. Дар ҳудуди ду ҷамоати мо ягон проблема нест. Аз он тараф ягон садои тир нашунидаанд. Марз маҳкам аст, як ду сол шуд, ки рафтуомад нест,”-гуфт раиси дастгоҳи ҳукумати Ванҷ.

Мақомоти Тоҷикистон бори ахир субҳи 5-уми июл дар бораи вазъият дар марз бо Афғонистон хабар доданд. Ҳамлаҳои Толибон дар минтақаҳои марзӣ давом дорад ва маълум нест, ки аз субҳ то ин дам касе аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузаштааст ё не.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи душворназорат дорад. Марзи ду кишварро асосан дарёи Панҷ муайян мекунад ва барои равуо миёни ду кишвар 7 пул сохта шудааст. Сарбозони афғон асосан аз тариқи ҳамин пулҳо ба Тоҷикистон ақибнишинӣ мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG