Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент дастур дод, ки 20 ҳазор афсар ба марзи Афғонистон раванд


Рӯзи 5-уми июл дар ҷалассаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон мавзуи Афғонистон матраҳ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон супориш додааст, ки 20 ҳазор нафар афсарони эҳтиётӣ ба марзи ин кишвар бо Афғонистон фиристода шаванд.

Ин мавзӯъ рӯзи 5-уми июл дар ҷалассаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон матраҳ шудааст.

Сафарбар кардани 20 ҳазор нафар низомиёни эҳтиётӣ аз мавзуҳои калидии ҷаласса будааст.

Сомонаи президенти Тоҷикистон навиштааст, ки дар ҷаласа вазъи марз бо Афғонистон ва “масъалаи таъмини амният дар минтақаҳои наздисарҳадӣ” баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ супориш додааст, ки “барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии ҳамҷавори Тоҷикистон бо Афғонистон чораҳои мушаххас андешанд.”

Дар ду моҳи ахир ҷанг миёни Толибон ва нерӯҳои давлатӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Толибон даҳҳо ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф карданд. Дар як моҳи ахир беш аз ҳазор низомии афғонистонӣ зери фишори Толибон ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, беш аз 900 километри хатти марзи Афғонистон бо Тоҷикистон зери назорати Толибон қарор дорад ва эҳтимол дорад, ки паноҳҷӯёни бештаре вориди ин кишвар шаванд.

XS
SM
MD
LG