Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсояи Тоҷикистон баргузории маъракаҳоро маҳдуд кард


Дар Узбекистон баргузории чорабиниҳои оммавӣ маҳдуд шуд. Дар ин бора аз Вазорати ҳифзи тандурустии он кишвар иттилоъ доданд.

Ба ин тартиб, баргузории чорабиниҳои идона, мусобиқаҳои варзишӣ, консертҳо, фестивалҳо ва барномаҳои синамоиву театрӣ маҳдуд шуданд.

Мусобиқаҳои варзишӣ бе ширкати мухлисон баргузор мешаванд.

Аз 1-уми август дар ҳудуди Узбекистон назорати беҳдоштии баргузории тӯйҳо, маросими дафн ва маъракаҳои дигари хонаводагӣ низ сахттар мешавад.

Ҳафтаи гузашта Комиссияи махсуси мубориза бо вабои коронавирус дар Узбекистон тасмим гирифт, аз 28-уми июн то 12-уми июл карантин ҷорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG