Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шералӣ Кабир вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо илтиҳоби шуш бистарӣ шудааст


Шералӣ Кабир, вазири  саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон
Шералӣ Кабир, вазири  саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба бемории "илтиҳоби шуши дутарафа" гирифтор шудааст. Ӯ таи 10 рӯз аст аз ин беморӣ ранҷ мебарад ва рӯзи 1-уми июл аз зери даcтгоҳи нафаси сунъӣ берун омадааст.

Як манбаи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон, ки бо сабаби надоштани салоҳияти суҳбат бо матбуот хост, аз ӯ ном бурда нашавад, рӯзи 3-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, Шералӣ Кабир дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрология маъруф бо номи “Клиникаи Мансуров”(воқеъ дар маҳаллаи 82-ум) бистарӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 30-уми июн дар ҷаласаи ҳукумат, ки таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, Шералӣ Кабиров бинобар вазъи саломатиаш ҳузур надошт.

Як манбаъ аз Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрология гуфт, Шералӣ Кабир ба бемории "илтиҳоби дутарафаи шуш" гирифтор шудааст ва дар ҳоли ҳозир таҳти назари пизишкон қарор дорад: “Кабиров 5 рӯз зери дастгоҳи нафаси сунъӣ қарор дошт ва бо беҳбуд ёфтани саломатиаш дастгоҳи сунъиро гирифтаанд,”- гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Дӯстони Шералӣ Кабир мегӯянд, бинобар мамнӯъ будани аёдат ба дидораш нарафтаанд, вале огоҳ шудаанд, ки вазъи саломатиаш хуб шудааст ва дар рӯзҳои наздик аз шифохона ҷавоб хоҳад шуд.

Шералӣ Кабир дар моҳи ноябри соли 2020, бо фармони президенти Тоҷикистон вазири саноат ва технологияҳои нав таъин шуд. То ин дам ӯ роҳбари депортаменти молияи ширкати алюмини тоҷик "Талко" ва баъдан раиси Шӯрои мудирони он кор кардааст.

Шералӣ Кабир 22-уми ноябри соли 1971 дар ноҳияи Дарвоз таваллуд шуда, соли 1992 Донишкадаи савдо ва кооперативии шаҳри Новосибирски Русия ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG