Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгорро барои дархости ҳамхобагӣ бо толибаи 12-сола ҳабс карданд


Рамзи ҳукми додгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Рамзи ҳукми додгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 30 июн Додгоҳи вилояти Фарғонаи Узбекистон як омӯзгори 42-солаи мактаби миёнаро барои пешниҳоди наздикии шаҳвонӣ ба кӯдаки 12-сола, 15 рӯз ҳабс кард. Додгоҳ оӯмзгорро дар "майдаавбошӣ" айбдор кард. Дар парвандаи додгоҳӣ омадааст, ки омӯзгори мазкур рӯзи 24 май ба яке аз хонандагонаш паём навишта, ба ӯ пешниҳоди робитаҳои шаҳвонӣ кардааст. Хонанда ин паёми омӯзгорро ба волидонаш нишон дода, волидон дар навбати худ ба мақомот муроҷиат кардаанд. Сокинони вилояти Фарғонаро, ба қавли онҳо, ҳукми нисбатан сабуки додгоҳ нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, омӯзгор баъди ду ҳафта ба озодӣ мебарояд ва эҳтимол дорад, ки чунин рафторро такрор кунад.

XS
SM
MD
LG