Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Русия аз муҳоҷирон имзои "созишномаи садоқат"-ро талаб мекунанд


Муҳоҷирон аз Осиёи Миёна дар Русия.

Дар Русия ҳангоми вуруд муҳоҷиронро маҷбур мекунанд, ки "созишномаи садоқат"-ро имзо кунанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба маркази матбуотии ВКД Русия хабар дод.

"Роҳандозии "созишномаи садоқат" дар консепсияи тарҳи нави қонунгузории федералии Русия дар бахши муҳоҷират пешбинӣ шудааст. "Созишномаи садоқат" бо ҳадафи иттилоърасонӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар бораи қонунҳо (талабот)-и вуруд ба Русия, хуруҷ аз Русия, истиқомат дар Русия ва кор кардан дар Русия, маҳдудиятҳову мамнуъиятҳо, инчунин паёмади риоя накардани онҳо ҷорӣ карда мешавад", - хабар додааст ТАСС.

ВКД Русия мегӯяд, муҳоҷире, ки "созишномаи садоқат"-ро имзо мекунад, огоҳ будани худро дар бораи пайомадҳои риоя накардани тартибот тасдиқ менамояд ва ба зиён нарасонидан ба Русия ризоият медиҳад. Ҳамчунин ӯро уҳдадор мекунанд, ки дар сурати риоя накардани созишнома ва иҷборан ихроҷ шудан аз Русия харҷи роҳро пардозад.

Пештар аз ин ҳукумати Русия аз муҳоҷирони меҳнатӣ талаб мекард, ки забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории он кишварро дар сатҳи минималӣ донанд.

XS
SM
MD
LG