Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар ҳалқаи дарё, вале ташналабем". Шикояти сокинони Фархор аз беобӣ. ВИДЕО


Марде дар Фархор ба хонааш об мебарад
Марде дар Фархор ба хонааш об мебарад

Дар аксар деҳоти камоби Тоҷикистон як нафар дар хонавода вазифаи обрасониро иҷро мекунанд. Аксаран обрасонӣ бар дӯши кӯдакон аст.

Изатулло Абдураҳмонов, сокини шаҳраки Фархор, ки аксаран масъулияти обрасонӣ ба хонаашро бар душ дорад, ҳар ҳафта ба қабули раиси ноҳия меравад, то ин вазифаро аз души худу садҳо кӯдакони маҳаллаш кам кунад.

Ин вазъ, ба гуфтаи ӯ, 25 сол боз давом дорад. Дар маҳаллаи зисти онҳо оби ошомиданӣ ва об барои кишти зироат намерасад.

Ин мард мегӯяд, рӯде, ки то маҳали онҳо об барои кишти зироатро мерасонд, поккорӣ намешавад ва кӯдакон аз роҳи дур оби ошомиданӣ меоранд.

Ноҳияи Фархор дар канори рӯди Панҷ ҷойгир аст.

“Мо дар ҳалқаи дарёҳоему дар дохили ноҳияву деҳоти мо хушкиву беобӣ аст.”,--гуфт Изатулло Абдураҳмонов.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

"Дар ҳалқаи дарё, вале ташналабем"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

Аробаву зарфҳои пластикии ғунҷоишашон то 300 литр ба анҷоми муҳими ҳар хонадон табдил ёфтааст. Хар яке аз дороиҳои онҳост, ки корашонро барои обкашонӣ осон мекунад.

Дар хонадони Гулбаҳор Бароталиева, сокини дигари шаҳракаи Фархор низ як нафар вазифадори обрасонист. Ӯ мегӯяд, “обро ба солҳову моҳҳо намебинем ва онро мехарем. Дарахтон аз беобӣ хушк шудаанд.”

Қурбонбӣ Орипова, сокини дигари ноҳия мегӯяд, онҳое, ки писаронашон дар Русия ҳастанд ва кӯдакони хӯрд доранд, масъулияти обкашӣ бар дӯши келинҳояшон ҳаст. “Келинҳои бечораам аз обкашӣ хаста шудаанд. Пештар об доштем ва ба ин ҳад азоб набуд.”,--гуфт ӯ.

Дар ҳукумати ноҳияи Фархор гуфтанд, ки аз ин мушкил огоҳ ҳастанд.

Рустам Раҳматзода, раиси ноҳияи Фархор гуфт, ки онҳо дар заминҳои шаҳраки Фархор чашмаи оби тозаи ошомиданӣ пайдо накарданд, то онро ба воситаи лӯла ба сокинон расонанд.

Ӯ гуфт, ки сарчашмаи дар як мавзеи дурдаст пайдо шудааст, вале барои овардани он ба шаҳраки Фархор 15 милион доллар лозим аст. “Мактуб навиштем, супориш шудааст ва бояд дар ин масъала чораандешӣ шавад”,--гуфт ӯ.

Мушкили норасоии об хоси фақат Фархор нест. Бино ба ҳисобҳои расмӣ беш аз 65 дар сади аҳолии деҳот дар Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ дасрасӣ надоранд. Фархор, ки наздики 300 ҳазор аҳолӣ дорад, ба гуфтаи мақомот, 70 дар сади аҳолиаш аз оби ошомиданӣ ва об барои кишти зироат мушкилӣ мекашанд.

XS
SM
MD
LG