Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барф дар Варзоб "бисёр кам" ва қабати пиряхҳо "бориктар" шудааст. Тобистон камобӣ мешавад? ВИДЕО


Қабати пиряхҳои Тоҷикистон "бориктар шудааст"

Гуруҳи донишмандон аз Маркази пиряхшиносии Тоҷикистон дар саргаҳи рӯдхонаи Варзоб абзор ё дастгоҳи махсусеро насб кардаанд, ки маълумоти дақиқро дар бораи боришот ва захираи барф мефиристад.

Сафари таҳқиқотии гуруҳи донишмандон нимаи дувуми моҳи феврали имсол анҷом шудааст. Ҳадафи аслӣ омӯзиши сатҳи қабати барф дар саргаҳи рӯдхонаи Варзоб будааст. Дар бораи ин сафар Абдулҳамид Қаюмов, мудири Маркази омӯзиши пиряхҳо дар Академияи илмҳои Тоҷикистон, бо Радиои Озодӣ суҳбат кард.

Қабати барф бориктар шудааст

Ӯ дар охири моҳи феврал гуфт: "Боришот хеле кам шудааст. Масалан, солҳои 2019 ва 2020 боришот то 45-55 дарсад кам шудааст. Албатта, обнокӣ ҳам камтар шудааст. Ҳозир, дар болооби Варзоб ҳамагӣ қабати барф 30 сантиметрро ташкил медиҳад, ки ин хеле кам аст."

Бориши кам ва бориктар шудани қабати барф дар саргаҳи рӯдхонаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар рӯди Варзоб, ба маънии камтар шудани обест, ки ба ин рӯдхона дар фасли тобистон ҷорӣ мешавад. Мардум ва киштзорҳои зиёде аз ин рӯдхонаҳо дар фасли гармо об мегиранд.

Маркази пиряхшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳар сол тақрибан 15 экспедитсияи омӯзиши қабати барф, боришот ва тамоюли обшавӣ ва ё бузургу тунуктар шудани пиряхҳоро анҷом медиҳад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Пажуҳишгарони тоҷик аз коҳиши масоҳати пиряхҳо нигаронанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00

Натиҷаи омӯзиши ин марказ баёнгари он аст, ки бориши кам ва суръат гирифтани обшавии пиряхҳову ақибнишинии онҳо дар ҳама кӯҳҳои Тоҷикистон ба мушоҳида мерасидааст.

Абдулҳамид Қаюмов мегӯяд, "масалан, соли 2020 ба болооби дарёи Панҷ, дар ҳавзаи дарёи Қарокӯл, сафар доштем ва таҳлилҳоро дар он ҷо гузаронидем. Дар давоми 12-15 рӯз таҳлилҳо нишон доданд, ки ҳар сол моҳҳои июн ва июл дар дарёҳои мавсимии зери пиряхҳо об пайдо мешуд. Аммо соли 2020 дар моҳи август дар ин дарёҳои мавсимӣ об пайдо шуда, аввали сентябр хушк шуд. Ин нишон медиҳад, ки ҳам камборишӣ аст ва ҳам хунук омадан ба серобии дарёҳо хеле таъсири худро мерасонанд."

"Имсол пиряхи болооби Сурхоб се бор канда шуд"

Таҳқиқоти чандсолаи Маркази пиряхшиносӣ нишон додааст, ки солҳои охир суръати обшавии пиряхҳо дар болооби рӯдхонаҳои Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Намунае аз онро Абдулҳамид Қаюмов чунин шарҳ дод: "Масалан, дар болооби дарёи Сурхоб, дар қисми чапи дарёи Сурхоб, пиряхи Барлмас аст. То солҳои 2000 дар 5-10 сол як бор кандашавии ин пирях ба мушоҳида мерасид. То солҳои 2010 ҳар сол як бор канда мешуд, селҳои сахт дида мешуд. Дар соли 2020 ин пирях 3 маротиба канда шудааст."

Коршиносон обшавии босуръати пиряхҳо, камборишӣ ва боришоти фавқуллода аз мавсимҳои гуногунро ба тағйири саросарии иқлим марбут медонанд. Ба қавли онҳо, пайомади ин раванд, мумкин аст, боис ба коҳиши тавлиди нерӯи барқ, мушкили обёрӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ шавад.

Камобӣ дар Тоҷикистон, нигаронӣ дар кишварҳои поёноб

Ҳасан Асоев, коршиноси масоили зистмуҳитӣ, мегӯяд: "Агар арзишҳои илмиро таҳлил кунем, маълум мешавад, дар ҳудуди Тоҷикистон аз 47 километри мукааб то 64 километри мукааб об ташаккул меёбад. Аз ин маълум мешавад, дар Тоҷикистон ҳамин норасоии об характери даврӣ дорад. Мушкилот дар он аст, ки вақте дар бораи масоили об ҳарф мезанем, аз рӯи нишондоди 64 километри мукааб ҳарф мезанем, вале солҳое мешавад, ки дар мо 47 километри мукааб об ҳосил мешавад."

Имсол ширкати “Барқи тоҷик” гуфт, ба сабаби камобӣ дар рӯдхонаҳо маҷбур шуд, дигарбора барқро ба мардум камтар ва бо маҳдудият тақсим кунад. Ҳанӯз ҳам ин маҳдудият идома дорад. Раиси ҷумҳури Узбекистон низ дар як ҳамоиши видеоӣ хабар додааст, ки мумкин аст, имсол ҳаҷми об барои парвариши зироатҳо 25 дарсад коҳиш ёбад.

Тоҷикистон дар саргаҳи рӯдхонаҳои азими Осиёи Марказӣ қарор дорад ва беш аз 60 дарсади оби ин гӯшаи гарму хушки курраи Замин аз онҷо ҷорӣ мешавад. Ҳаргуна каму зиёд шудани захираи барфу об дар Тоҷикистон дар кишварҳои поёноб ҳам эҳсос мешавад.

XS
SM
MD
LG