Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ақибнишинии Зарафшон ва Рама ва хавфи беобӣ барои миллионҳо нафар


Акс аз бойгонист

Зарафшон, яке аз бузургтарин пиряххои Тоҷикистон, ки тақдири мардуми зиёде дар Осиёи Марказӣ аз он вобастагӣ дорад, босуръат обу бухор шуда, дар 40 соли ахир 1700 метр ақибнишинӣ кардааст. Пиряхи Рама -- "бародар"-и Зарафшон -- ҳам айни сарнавиштро доштааст ва бо суръати баландтар ва 85 метр дар як сол кӯтоҳтар шудааст.

Омӯзиши гуруҳе аз донишмандони тоҷик дар моҳи октябри имсол нишон додааст, ки пиряхи Зарафшон дар чаҳор даҳаи гузашта ҳар сол тақрибан 40-метрӣ ақибнишинӣ карда, аз масоҳати азиму барфи яхе, ки дошт фақат хоку санг мондааст. Пиряхи мазкур дар байни қаторкӯҳҳои Зарафшон ва Туркистон ҷойгир аст ва Зарафшон - яке аз муҳимтарин рӯдхонаҳои Тоҷикистон ва ҳамингуна Осиёи Марказӣ аз он сарчашма мегирад.

Дар ҳавзаи Зарафшон, ки дар байни Тоҷикистону Узбекистон тақсим шудааст, миллионҳо нафар зиндагӣ мекунанд ва зиндагиву кори бештар аз 6 миллион нафар аз аҳолии кишвари ҳамсоя ба оби ҳавзаи Зарафшон вобаста аст. Рӯдхонаи ҳамноми пирях 900 километр дарозӣ дорад ва 500 километри он аз қаламрави Узбекистон мегузарад.

Александр Пиров, муҳаққиқ ва ва сардори шуъбаи яхшиносии Оҷонси ҳавошиносии Тоҷикистон, яке аз мутахассисоне аст, ки аз 15-ум то 20-уми октябри имсол муҳиту вазъ ва камшавии пиряхи Зарафшонро таҳқиқ кардаанд. Ӯ рӯзи 2-юми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, коҳиши масоҳати пирях раванди табиист, вале суръат гирифтани он дар солҳои ахир мояи нигаронист: "Ин пирях бисёр бузург ва 25 километр дароз аст. Тасаввур кунед, дар 40 сол тақрибан 1700-1800 метр ақибнишинӣ кардааст, яъне 23 километри дигараш мондааст."

Ба қавли донишманд, ки соли 1979 низ рӯи пиряхи Зарафшон қадам гузошта, онро омӯхтааст, боридани барфи кам сабаби коҳиши масоҳати пиряхи Зарафшон шудааст, вале нақши тағйири иқлим дар таназзули он кам набудааст.

Омӯзиш нишон додааст, ки дар 40 соли гузашта бештар аз миллионҳо тонна ях об шудааст ва масоҳати Зарафшон ба 1.34 километри мураббаъ расидааст.

Муқоисаи Зарафшон
Муқоисаи Зарафшон

Донишмандон таҳқиқоти пирях дар солҳои 1979, 1991, 2009 ва 2019 ва аксҳои ин солҳоро муқоиса кардаанд. Дар ин аксҳо дида мешавад, соли 1979 муҳаққиқон дар як маҳал дар рӯи яхи баланде истодаанд, вале дар акси соли 2019 ҳеҷ нишоне аз ях дар ин маҳаллу наздикии он нест.

Аҳволи начандон хуби Рама

Аҳволи пиряхи дигари ҳамсоя бо пиряхи Зарафшон ҳам чандон хуб набудааст. Омӯзиши қабат ва забонаи пиряхи Рама дар як ҳафтаи ахири моҳи октябр нишон додааст, ки аз соли 1988 то имсол ин пирях солона 85 метр ақибнишинӣ карда ва бештар аз 2 километру 620 метр кӯтоҳ шудааст. Рама, ки тақрибан 9 километр дарозӣ дорад, дар болооби рӯдхонаи Зарафшон ва дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Дар муддати 31 соли гузашта бештар аз 8 километр метри мураббаъ ях обу бухор ва нопадид шудааст ва ҳамингуна ҳаҷми бузурги ин сарватҳои бебаҳои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, яъне об аз байн рафтааст. Ба тахмини донишмандони тоҷик агар ҳарорат ҳамингуна боло рафтан бигирад, ояндаи пиряхҳо ва рӯдхонаҳои Тоҷикистон чандон хуб нахоҳад буд. Александр Пиров гуфт, дар даҳсолаҳои оянда мумкин аст, яке аз шохаҳои калони Зарафшон аз баданаи он ҷудо мешавад:

"Дар оянда шохаи рости пиряхи Зарафшон пиряхи Скачкова канда шуда, ҷудо мешавад. Мумкин дар ду соли оянда ва ё ояндаи дур иттифоқ афтад. Агар Худо умр диҳад, шояд шоҳиди кандашавии шоха бишавем."

Ба гуфтаи донишмандони тоҷик, ба сабаби тағйири иқлим, ҳоло дар Тоҷикистон обшавии барф дар баландкӯҳҳо на мисли солҳои пеш дар аввали моҳи апрел, балки дар нимаи моҳи март оғоз меёбад. Камобӣ ва хушксолӣ сол ба сол зиёдтар ба чашм мерасад. Дар барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 омадааст, "масоҳати пиряхҳо дар канораҳои системаҳои кӯҳӣ дар як сол то 1 дар сад кам мешаванд."

Дар Тоҷикистон, ки кишвари болооби Осиёи Марказӣ ва сарчашмаи аслии оби ин гӯшаи хушку гарми курраи Замин аст, 65 дар сади оби минтақа ҳосил мешавад. Дар як китоби донишмандони кишвар аз соли 2003 бо номи “Пиряхҳои Тоҷикистон” омадааст: “Агар дар ҳавзаи Зарафшон дар ним асри гузашта сеяки майдонҳои яхбаста бухор шуда ва ҳаҷми ях ним баробар кам шуда бошад, пас то соли 2050 ҳеҷ гуна яхе дар ин ҳавза намемонад.” Аммо ин фақат тахмин аст, чун табиат метавонад, “рафторашро ҳар сол тағйир бидиҳад.”

Дар ин китоб омадааст, ақибнишинии пиряхҳову коҳиши масоҳати онҳо на фақат ба сатҳи об дар рӯдхонаи Зарафшон, балки дар тамоми дигар рӯдхонаҳои азими кишвар, ки то ба Қазоқистону Туркманистон ҳам мерасанд, таъсири манфӣ мегузоранд.

Таҳқиқи ду пиряхи муҳим дар Тоҷикистон дар остонаи як нишасти байналмилалӣ дар бораи тағйири иқлим сурат гирифтааст. Дар нишасти байналмилалии Созмони Милал дар бораи тағйири иқлим, ки дар шаҳри Мадрид идома дорад, роҳҳои ҷилавгирӣ аз гармшавии курраи Замин баррасӣ мешавад. Ҳайати Тоҷикистон ҳам дар он ширкат дорад.

Шарҳҳоро бинед (8)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG