Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишмандон: "Осмон ғами Душанберо камтар мехӯрад"


Рӯзи 29-уми октябри соли 2018 дар Душанбе

Борон чангу ғубори Тоҷикистонро дар муқоиса ба солҳои гузашта камтар ва дертар мешӯяд. Сабур Абдуллоев, донишманди тоҷик, ки солҳои тӯлонӣ таъсири гарду хок дар фазои Тоҷикистонро меомӯзад, ба Радиои Озодӣ гуфт, тағйири иқлим сабаб шудааст, ки гарду хоке, ки аз биёбонҳои дур ва ҳатто Саҳрои Кабир ба Тоҷикистон меояд, муддати тӯлонӣ дар ҳаво мемонад.

Сабур Абдуллоев, ки қабл аз нашри гузориши бузурги Созмони Милал дар бораи тағйири иқлим бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт: “Соли 1989 20-уми сентябр ҳангоми гузаронидани экспедитсияи советӣ-амрикоӣ як тӯфони сахте дар Тоҷикистон шуд, ки се соат давом кард ва баъди он борони сел борид ва ҳаво покиза шуд. Чунин чангу ғубор соли 1990 такрор шуд, ки се соат давом кард ва баъди он борони сел борид.“

Аммо бо тағйири иқлиму боло рафтани ҳарорат дар курраи Замин дигар саховати осмон ҳам камтар шудааст, ки сару сурати Душанбе ва дигар гӯшаҳои Тоҷикистонро камтар мешӯяд. Ба гуфтаи Сабур Абдуллоев, баъди солҳои 90-ум тағйирот дар рафтори табиат мушоҳида шудааст ва ғубор дар фазои Тоҷикистон дер боқӣ мемонад: “Баъди солҳои 90-ум мо ҳамин чизро мушоҳида мекунем, ки ба Тоҷикистон чангу хок меояд, бо ҳамон тавоноии пешин, аммо рӯзҳои зиёд дар атмосфера мемонад, то ҳафт рӯз як ҳафта меистад. Соли 2001-ум ҳамингуна чангу хок 29 рӯз дар атмосфераи Тоҷикистон истода буд.”

Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта 25-уми сентябр Созмони Милал гузориши бузургеро дар бораи тағйири иқлим нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, агар тағйири иқлим ҳамингуна идома кунад, инсоният ба фалокатҳои бузургтар дучор мешавад. Сатҳи уқёнус болотар меравад ва мумкин аст, тӯфону фалокатҳои табии дигар зиёд шаванд.

Сабур Абдуллоев
Сабур Абдуллоев

Сабур Абдуллоев зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, гарду хоке, ки бахусус дар фасли тобистону тирамоҳ ба Тоҷикистон аз биёбонҳои Африқову кишварҳои арабӣ ва Муғулистон меояд, барои иқтисоду сиҳатии инсонҳо хатарнок аст.

Ӯ афзуд: “Мо калкулятсия накардаем, ки ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ қадам зиён мерасонад, вале бо чашми сар мебинем, ки аввал ба саломатии инсон, дуввум ба зироатҳо, сеюм ба обшавии пиряхҳо таъсир мерасонанд.”

Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як роҳи ҳаракати чангу ғубор ҷойгир аст. Ба гуфтаи Сабур Абдуллоев, тӯфонҳои гарду хок асосан аз Узбекистон, “аз тарафи Турсунзода ворид мешавад, сипас ба Ҳисор ва марказ меояд.” Ӯ афзуд: “Қисми дигар аз Тирмиз ба Афғонистон ворид мешавад ва аз он тараф ба ҷануби Тоҷикистон меояд ва мардум онро боди афғонӣ меноманд, ҳарчанд дар Афғонистон онро боди шӯравӣ мегӯянд. “

Ба қавли физики тоҷик, ғуборе, ки мемонад, бахусус барои онҳое зиён дорад, ки мубталои бемориҳои диққи нафас, фишори баланд ва дил ҳастанд. Моҳи апрели имсол бо мусоидати Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии “Ғубор дар Осиёи Марказӣ” баргузор шуд ва дар он донишмандон аз чандин кишвар таъсири чангу гард ба минтақаро баррасӣ карданд.

Сабур Абдуллоев мегӯяд, яке аз роҳҳои кам кардани таъсири манфии гарду ғубор ба Тоҷикистон ғамхорӣ дар ҳаққи табиат аст, то ба инсон подош бидиҳад: “Ягона роҳе, ки метавонад пеши роҳи ҳаракати чангу ғуборро бигирад, бунёд кардани ҷангалзорҳо аст, ки аққалан то баландиҳои 10-15 метр таъсири чангу хокро камтар кунад.”

Роҳи наҷот - ҷангалзор

Сабур Абдуллоев афзуд, роҳи сунъие вуҷуд надорад, ки ҳавои Тоҷикистонро зуд аз ин гарду хок покиза кунед, барои ҳамин беҳтар аст, дар ҷануб ва маркази Тоҷикистон дарахти зиёд шинонанд.

“Аз ҳама роҳи осон ташкил кардани ҷангалзорҳо аст, ки ба бориш мусоидат мекунад, чунки дарахтон дар муқоиса бо уқёнусҳо аз се то чаҳор маротиба бештар боришотро ба вуҷуд меоранд. Масалан дар ҷангалзорҳои Русия, Бразилия ва Австралия бориш зиёд мешавад ва он ҳам аз ҳисоби зиёд будани дарахтон аст. Барои ҳамин ҳарчӣ бештар кардани ҷангалзорҳо метавонад ҳаворо покиза кунад”- гуфт, ӯ.

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, ташаббусҳое, ки дар кишвар пеш гирифта мешаванд, метавонад дар ҳалли ин мушкил кумак кунад: “Мо даҳсолаи оби тоза дорем. Метавонистем, пешниҳод кунем, ки даҳсола, ё сисолаи барқароркунии ҷангалзорҳо эълон шавад хусусан дар ҷануб ва маркази Тоҷикистон, чун ба беҳтар кардани иқлими минтақа кӯмак мекунанд.“

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG