Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дерек Шовин афсари собиқи полис барои қатли Ҷорҷ Флойд ба 22 соли зиндон маҳкум шуд


Дерек Шовин, афсари собиқи пулис
Дерек Шовин, афсари собиқи пулис

Дерек Шовин, корманди собиқи полис дар Амрико барои куштори Ҷорҷ Флойд, як марди африқоитабори амрикоӣ, ки марги ӯ эътирозҳои густарадаро ба бор овард ва боиси қабули чораҳои зидди нажодситезӣ дар дар сатҳи кившар шуд, ба 22 соли зиндон маҳкум шуд.

Додрас Питер Кэҳилл рӯзи 25-уми июн дар Миннеаполис пас аз дархостҳои пурэҳсоси хонаводаи Флойд ҷиҳати содир кардани ҷазои сахти ҳадди аксар ба Шовин ҳукми додгоҳро эълон кард.

Афсари 45-солаи сафедпӯст пеш аз содир шудани ҳукм ба оилаи Флойд тасаллият баён кард. Шовин афзуд, бинобар ворид шудани иттиҳомоти ҷудогонаи федералӣ, ки ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ марбут ҳастанд, ӯ наметавонад ба пуррагӣ изҳорот диҳад. Кэҳилл ба Шовин гуфт, ки ин ҳукм барои "сӯиистифода аз мақом ва инчунин бераҳмии хосе, ки нисбат Ҷорҷ Флойд зоҳир кард"-, содир шудааст. Шовин ва се корманди дигари полис Флойдро, ки 46 сол дошт, моҳи майи соли 2020 бо гумони муомила бо пулҳои қалбакӣ боздошт карданд.

Далели асосӣ як порча видеое буд, ки як роҳгузар сабт кардааст ва дар он дида мешавад Шовин Флойдро бо зону ба гарданаш фишор меорад, дар ҳшоле ки ӯ нафас кашидан наметавонист. Вакили мудофеаи Флойд ҳукмро "таърихӣ" ва як қадам "ба сӯи мусолиҳаи нажодӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико" номид.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG