Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори хунсупорон дар Тоҷикистон бештар шуд. СҶТ мегӯяд ҳанӯз кам аст. ВИДЕО


Мақомот дар вилояти Хатлон мегӯянд, теъдоди онҳое, ки хуни худро барои наҷоти ҷони дигарон хайр мекунанд, зиёд шудааст. Дар ин вилоят дар чанд моҳи гузашта теъдоди донорҳои хун 500 нафар афзудааст. Бо вуҷуди ин тарс аз хун додан барои шифохонаҳо дар Тоҷикистон зиёд аст ва аз ин сабаб бемористонҳо ҳанӯз ба хун эҳтиёҷ доранд.

Ҷалолиддин Шукуров, ҷавоне аз Бохтар тақрибан 7 сол боз донори хун аст. Мегӯяд, шояд хуни ӯ то ҳол ҷони тифл ё модари ӯро аз марг наҷот додааст ва ба саломат мондани худаш ҳам кумак мекунад. Ӯ барои хуни супурдааш, пул намегирад. «Барои камбағалҳо месупорем. Барои саломатии дигарон, то ки истифода кунанд. Сабук мешавӣ, саломатӣ хуб мешавад, худро хуб ҳис мекуни”, мегӯяд Шукуров.

Дар Маркази ҷумҳуриявии хун дар Бохтар мегӯянд, мисли Ҷалолиддин теъдоди донорҳо дар Хатлон зиёд шудааст. Дилафрӯз Сатторова, масъули Маркази ҷумҳуриявии хун дар Бохтар Радиои Озодӣ гуфт, аксарияти хунсупорандагон ихтиёриён ҳастанд. Ӯ гуфт: “Аз 5221 нафари хунсупор ва плазмасупор 102 нафари онҳо донори қарордодӣ, 403 нафар донорони плазмасупор. 1859 нафарашон донорони ихтиёрӣ ва 1718 нафар донорони хешу табор ва 1409 нафар донорони бригадаи сайёр мебошанд.”

Гузориши видеоиро инҷо бубинед:

"Барои камбағалҳо хун медиҳам"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Дар панҷ моҳи имсол теъдоди донорони ихтиёрӣ 500 нафар бештар шудааст, яъне ҳар моҳе сад нафар. Сабаб ҳам зиёд шудани эҳтиёҷ ба хун дар шифохонаҳо ва афзоиши бемороне будааст, ки зимни ҷарроҳӣ, таваллуд, ё ҷароҳате ба хун эҳтиёҷ пайдо мекунанд.

Шералӣ Абдуллоев, сокини дигари Хатлон донори доимӣ нест, вале ба хотири наҷоти ҷони дӯсташ , ки ба хун эҳтиёҷ дорад хун супурд. Ӯ гуфт дӯсташ дар шифохонаи Қарияи Болои Бохтар "аҳволаш вазнин аст, хун додан даркор. Баъд аз роҳам гашта омадам, барои ёрдам кардан, гашта омадам.”

Бо вуҷуди афзудани теъдоди онҳое, ки хуни худро барои дигарон хайр мекунанд, ин кор дар Тоҷикистон роиҷ нест. Аз ин сабаб ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ шифохонаҳои кишварҳои дар ҳоли рушд ба мисли Тоҷикистон фавқуллода ба хун эҳтиёҷ доранд. Маҳз ба сабаби норасоии хун гоҳо табибон наметавонанд, хоҳаре, бародаре, ё падареву модареро аз чанги марги бармаҳал наҷот диҳанд.

Таҳқиқоте дар солҳои пеш нишон додааст, ки дар Тоҷикистон аз байни ҳар 1000 нафар фақат 5 кас омодаи хун супурдан барои дигарон будааст, ки бисёр кам аст. Яке аз сабабҳо бино ба як гузориши Бонки Ҷаҳонӣ аз соли 2007 тарс аз додани хун ва ё сироят шудан ба беморӣ будааст. Дар гузориш омадааст, дар гузашта дар Тоҷикистон мавридҳои сироят аз хуни олуда ба бемории норасоии масунияти бадан ва ё зардпарвин ҳам сабт шудааст.

Аммо Азмиддин Қутбиддинов мудири Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар Тоҷикистон ба хабаргузории “Ховар” гуфтааст, ки ҳоло дар тамоми марказҳои супурдани хун ташхису муоина дар сатҳи ҷаҳонӣ сурат мегирад ва донорҳои ихтиёрӣ ҳам зиёд мешаванд. Ҳоло ба гуфтаи ӯ дар Тоҷикисон 60 ҳазор донори ихтиёрӣ сабти ном шудаанд, ки 10 ҳазор нафар бештар аз солҳои гузашта аст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG