Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори беморони қанд дар Тоҷикистон афзудааст. Асабонияти бештар ё ғизои носолим? ВИДЕО


Дар як соли охир шумори расмии гирифторони бемории диабети қанд дар Тоҷикистон ду ҳазор нафар афзудааст.

Мақомот мегӯянд, дар умум зиёда аз 48 ҳазор нафар аз бемории қанд ранҷ мекашанд. Ба бовари мутахассисон, теъдоди воқеии гирифторони ин беморӣ дар кишвар бамаротиб бештар аз омори расмӣ аст.

Аз соли 1991 ба ин тараф 14-уми ноябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо диабети қанд маълум аст. Дар остонаи ин рӯз хабарнигорони Радиои Озодӣ ба шифохона рафтанд ва аз ҳоли беморони қанд пурсиданду бо пизишкон ҳам суҳбат карданд. Наворро дар инҷо бинед:

Беморони қанд дар Тоҷикистон чӣ ҳол доранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Ҳар рӯз дар назди дарвозаи Маркази ҷумҳуриявии эндокринологӣ дар Душанбе чанд нафари гирифтор ба бемории диабети қанд барои ташхиси хун ва гирифтани тавсияи пизишкон ҷамъ меоянд.

Доди Ҳусейн, сокини 74-солаи ноҳияи Ванҷ, даҳ сол боз ба маризии диабети қанд гирифтор аст. Вай ҳамасола се дафъа ба ин марказ меояд. Ӯ рӯзи 13-уми ноябр гуфт, "баъзан сатҳи қанд дар хунам 12-14 мешавад, баъзе вақт танҳо 9 дараҷа. Духтурҳо дору тавсия медиҳанд ва онро истеъмол мекунам. Нархи дору барои табобати диабети қанд хеле гарон аст. Масалан, амарил қариб 240 сомонӣ аст."

Дар Тоҷикистон бар асоси қонун, дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ қисман ройгон аст, аммо дар аксари ҳолатҳо мардум мегӯянд, дар асл барои ҳамаи муолиҷа, чӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва чӣ хусусӣ пул мепардозанд.

Пизишкон мегӯянд, дар солҳои ахир синни гирифторони бемории диабети ҷавонтар мешавад. Таҳмина Саидоваи 47-сола аз ноҳияи Файзобод панҷ соли ахир бо мушкили диабети қанд рӯ ба рӯ будааст ва мегӯяд, сабаби асосии бемориаш асабонияти зиёд аст.

Пизишкони тоҷик эҳтимоли таъсири асабоният ба боло рафтани сатҳи қанд дар хуни инсонро аз эҳтимол дур намедонанд. Амриддин Абдураҳмонов, мудири шуъбаи муолиҷавӣ дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ мегӯяд, диабети қанд дар инсон ду намуд мешавад, ки яке аз онҳо модарзодӣ низ ҳаст.

Ба гуфтаи ӯ, дар шароити хуруҷи бемории COVID 19 беморони гирифтории диабети қанд бештар осебпазиранд.

Ғадудшиносони тоҷик ба ин назаранд, ки дар миёни гирифторони бемории диабети қанд дар кишвар намояндаҳои қишрҳои гуногун ҳастанд. Аммо, ба гуфтаи Дилафрӯз Туранова, табиби эндокринолог, дар миёни ба истилоҳ “диабетикҳо” намояндаҳои мақомот ва кормандони сохторҳои интизомӣ бештаранд.

“Бемории қанд бисёртар дар байни коргароне мушоҳида мешавад, ки вазифа доранд ва камҳаракат мебошанд. Камҳаракатӣ сабаби фарбеҳӣ ва дар ниҳоят гирифторӣ ба бемории диабети қанд мешавад. Ҳамчунин ин беморӣ дар миёни кормандони сохторҳои интизомӣ зиёд дида мешавад. Зеро, дар фаъолияти онҳо стресс зиёд аст, асабонӣ ҳастанд. Хӯрок хӯрданашон сари вақт нест. Аз сабаби истеъмоли хӯроки носолим метавонанд ба диабети қанд гирифтор шаванд”, -- шарҳ дод ӯ.

Афроди огоҳ аз ин беморӣ талош мекунанд дар шароити хона аз истеъмоли ғизои носолим худдорӣ карда, меъёри қанд дар хунашонро низ бо дастгоҳҳои кӯчак бисанҷанд. Аммо, дар сурати ноилоҷӣ барои дарёфти инсулин, доруи зидди диабети қанд ба бемористон муроҷиат мекунанд.

Ин даво барои беморони қанд ройгон ё бепул аст, аммо баъзе аз беморон мегӯянд, аксар вақт онро бо пул мехаранд. Ҳукумати Тоҷикистон аз чанд сол ба ин сӯ якҷо бо созмони байналмилалии “Ҳаёт барои кӯдак” тавзеи ройгони “инсулин” барои беморони гирифтори диабети қандро дар кишвар роҳандозӣ кардааст.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG