Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани украиниро бо ҳафт фарзандаш аз Сурия баргардонданд. ВИДЕО


Аминаро бо ҳафт фарзандаш аз Сурия баргардонданд
Аминаро бо ҳафт фарзандаш аз Сурия баргардонданд

Ҳукумати Украина дар идомаи бозгардонидани шаҳрвандонаш аз Сурия, ҳафтаи гузашта як занеро бо 7 фарзандаш ба Киев овард.

Ба сабабҳои амниятӣ ин занро фақат Амина меноманд. Ӯ дар урдугоҳи Ал-Ҳавл зиндагӣ мекард, ки онҷо даҳҳо зани тоҷик бо кӯдаконашон мунтазири бозгашт ба ватан ҳастанд. Амина дар роҳи бозгашт ба Киев ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки аз кори кардааш пушаймон аст. Бо фарзандонаш дар урдугоҳе буданд, ки хешовандони аъзои гуруҳи "Давлати исломӣ"-ро нигаҳ медоранд.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед:

Баъзеҳо тиккаву пора мешуданд. Ҳама ҷо оғуштаи хун буд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Ӯ гуфт, ки аз беақлӣ ба Сурия рафтааст. "Ҳама хато мекунанд, ҳама дар пайи зиндагии беҳтар ҳастанд. Ман кори хато кардам, ки онҷо рафтам. Аз коре, ки кардам, бисёр пушаймон шудам. Воқеан рӯзҳои сахте буд. Шавҳари ман пеш аз ман ба онҷо рафта буд. Ман чаҳор фарзанд доштам, вақте ба Сурия рафтам, се кӯдаки дигар таваллуд кардам. Аз паси шавҳарам рафтам. Танҳо буд, азбаски шавҳари ғамхор буд, дӯсташ медоштам, аз пасаш рафтам",-нақл кард ӯ.

Шавҳари ӯ соли 2014 ба Сурия рафта, соли 2015 кушта шуд. Амина гуфт, ки намедонад, шавҳараш узви ДОИШ буд, ё не, аммо шавҳари дуюмаш ҷангҷӯи ДОИШ будааст.

Аминаву бачаҳояш аз соли 2018 дар урдугоҳи Ал-Ҳавл буданд. Онҳоро соли 2019 ба урдугоҳи Рож дар шимолушарқи Сурия бурданд, ки ҳазорон нафар онҷо нигаҳ дошта мешаванд. Украина ва кишварҳои дигар зери фишоранд, ки шаҳрвандонашонро аз ин минтақа, ки дар дасти неруҳои курд аст, бибаранд.

Шокир Фарҳод Алӣ, консули ифтихории Украина дар Ирбили Ироқ гуфт, "мушкил ин аст, ки мақомоти инҷоро ҳеч касе расман эътироф намекунанд. Ягон ниҳоди расмӣ нест, ки бо онҳо гап занед. Фақат робитаи хусусӣ мекунед ва бояд ба ҳамин ҷо биёед".

Моҳи декабри соли 2020 Украина ду зану ҳафт кӯдакро аз Сурия баргардонд. Моҳи апрели соли 2021 Дидбони Ҳуқуқи Башар хостори бозгардонидани бақия шуд ва гуфт, ки 40 зану кӯдаки украинӣ дар урдӯгоҳҳо боқӣ мондаанд. Вақти бозгашт кӯдакони Амина ваҳшати ҷангро тасвир карданд.

Як духтараш, ки аз ӯ, Суриа ном бурданд, гуфт, "вақте бомборон мекарданд, бо мушак мезаданд, баъзеҳо кушта, баъзеҳо тиккаву пора мешуданд. Ҳама ҷо оғуштаи хун буд".​

Онҳо вақти бозгашт ба ватан аз ояндаи хуб низ суҳбат карданд. Яке аз онҳо гуфт, ки мехоҳад утоқи худро дошта бошад, дафтару китоб дошта бошад ва дар мактаб таҳсил кунад.

Шафиқа, фарзанди дигари ин зан гуфт, “орзу дорад, ки вақте ба Украина мерасад, аввал дар як алвонҷаки бузургу зебо бозӣ кунад".

Ҳавопаймои онҳо рӯзи 16-уми июн дар Киев нишаст. Аминаро албатта пурсуҷӯ мекунанд, вале ӯ ҳоло ба ҷинояте муттаҳам намешавад. Мақомоти украинӣ мегӯянд, ин оила акнун бояд ба зиндагии оддӣ баргардад.

Дар паноҳгоҳҳои Сурия наздики 600 зану кӯдаки тоҷик нигаҳ дошта мешаванд. Ҳукумати Тоҷикистон бо вуҷуди ваъдаҳои батакрор, барои баргардонидани занону кӯдакони тоҷик дар Сурия ҳеҷ кори амалиеро анҷом надодааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG