Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина як зану ҳафт фарзандашро аз қароргоҳи Рож баргардонид


Аминаву ҳафт фарзандашро ба Украина баргардониданд

Ҳукумати Украина як занеро бо ҳафт фарзандаш аз Сурия ба ватан баргардонид. Дар ин бора рӯзи 16-уми июн як хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз марзи Сурияву Ироқ хабар дод. Мақомот гуфтанд, ки амалиёти мазкурро ҳукумати Киев бо ёрии мақомоти минтақаи нимамухтори Курдистони Ироқ созмон додааст. Ин оила аз соли 2019 дар қароргоҳи Рожи шимолушарқи Сурия дар боздошт буд. Зан, ки худро дар сӯҳбат бо РАО/РО бо исми Амина муаррифӣ кард, дар гузашта сокини Қрим буд ва баъди ишғоли ғайриқонунии нимҷазира аз ҷониби Русия моҳҳои феврал-марти соли 2014 ин минтақаро тарк кард. Пеш аз сафар ба Сурия ин зан дар шаҳри Лвов зиндагӣ кардааст. Амина гуфт, “аз ҳукумати Украина бисёр миннатдорам, ки моро фаромӯш накард ва ба ватан баргардонид”.

Мақомот гуфтанд, ки санадҳои Аминаву фарзандонашро барқарор мекунанд.

Вадим Скибитский, сухангӯи сарраёсати иттилооти Вазорати дифои Украина гуфт, “муҳим аст, ки ин зану кӯдаконаш ба ҳаёти маъмулӣ баргарданд”.

Аз моҳи декабри соли 2020 ба ин сӯ ин бори дуюм аст, ки ҳукумати Украина шаҳрвандонашро аз манотиқи собиқ зери назари гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” бармегардонад. Бори аввал ду зани украиниву ҳафт фарзандашон баъди он ки тафтиш даст надоштани онҳоро ба “фаъолитяҳои террористӣ” собит кард, ба Украина баргардонид.

Қаблан созмони Human Rights Watch аз ҳукумати Украина тақозо кард, ки дар бозгардони тахминан 40 зан ва кӯдаки украинӣ, ки ба навиштааш, дар Рож ва Ал-Ҳол дар шароити “даҳшатнок” ва “ғайриқонунӣ” нигоҳ дошта мешаванд, иқдом кунад. Хурдтарини кӯдакон дусола будааст.

Ин занон бахше аз 43 ҳазор хориҷиҳое мебошанд, ки бо иттиҳоми доштани иртибот бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз ҷониби мақомоти минтақавӣ боздошт шудаанд.

Бисёр ҳукуматҳое, ки шаҳрвандонашон дар ин қароргоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд, мегӯянд, ки бозгардони онҳо ба ватан хатарҳои амниятӣ дорад.

Яке аз ин кишварҳо Тоҷикистон аст, ки ҳанӯз барои баргардонидани занону кӯдакон аз ин урудгоҳҳо шитоб намекунад.

XS
SM
MD
LG