Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон дар Анталияи Туркия


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти хабарӣ, Душанбе 19 майи соли 2021

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 19 июн дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия бо ҳамтои эронии худ Муҳаммад Ҷавод Зариф мулоқот кард. Дар ин дидор тарафҳо ба зарурати густариши ҳамкориҳои дуҷониба, ба вижа дар таъмини суботи минтақа ва пешгирии ноамнӣ дар Афғонистони таъкид карданд. Раҳбари идораи умури хориҷии Тоҷикистон аз тавсеаи ҳамкориҳои байни ду кишвар истиқбол намуд. Вазири Эрон ба зарурати ҳамкории кишвараш ва Тоҷикистон барои истодагарӣ зидди талошҳои ноором кардани минтақа ишора намуд. Зариф гуфтааст, ки барои пешгирии ноамнӣ дар Афғонистон ҳамкории зич барои Эрону Тоҷикистон зарур аст. Вай дар идома ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои кушодани роҳ барои раҳоии ду шаҳрванди эронии зиндонӣ дар Тоҷикистон сипосгузорӣ намудааст. Сироҷиддин Муҳриддин дар навбати худ мавзеъгириҳои Ҷумҳурии Исломиро дар пайванд бо рӯйдодҳои минтақа, бахусус дар Афғонистон арзишманд номидааст. Пас аз робитаҳои сарди чанд сол пеш, айни замон ду тарафи Тоҷикистон ва Эрон ба ҳам наздик мешаванд. Дар моҳҳои охир вазирони дифоъ ва корҳои дохилии Тоҷикистон аз Эрон сафар карданд. Дар моҳҳои феврал ва март вазирони корҳои дохилӣ ва хориҷии Эрон аз Тоҷикистон дидан намуда буданд. Дар поёни соли 2015 равобит миёни Тоҷикистону Эрон ба сардӣ гароид. Тоҷикистон ошкору ниҳон мақомоти Эронро ба пуштибонӣ аз ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва Теҳрон Душанберо барои гум шудани миллионҳо доллари Бобаки Занҷонӣ муттаҳам карданд. Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон он замон чанд филми таҳиякардаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро намоиш дода буданд, ки дар онҳо Эрон ошкору пинҳон дар қатли шахсиятҳои маъруфи тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ айбдор мешуд. Аммо дар се соли ахир равобити ду кишвар рӯ ба гармӣ ниҳодааст.

XS
SM
MD
LG