Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳимзода имзои санади ҳамкорӣ бо Эронро "таърихӣ" хонд. Ҷузъиёташ маълум нест


Рамазон Раҳимзода дар Теҳрон.
Рамазон Раҳимзода дар Теҳрон.

Миёни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Эрон санади ҳамкорӣ имзо шудааст. Ҳарчанд ҷузъиёти ин тафоҳумнома ба таври расмӣ эълон нашудааст, аммо расонаҳои эронӣ навиштанд, ки Душанбеву Теҳрон роҷеъ ба мубориза бо ҷиноятҳои cозмонёфта, ифротгароӣ, терроризм, қочоқи маводи мухаддир, омузиши пулис, табодули устодон ва донишҷӯён ва ҳамчунин масъалаи сармоягузорӣ, тавофуқ кардаанд.

Ин санади ҳамкорӣ рӯзи 2-юми июн аз сӯи Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва Раҳмонии Фазлӣ, ҳамтои эрониаш дар Теҳрон имзо шуд. Рамазон Раҳимзода рӯзи 31-уми май дар раъси як ҳайат ба Эрон рафта буд.

Хабаргузории эронии ИСНА навишт, ки Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода пас аз имзои ин тафоҳумнома, ки дар маҳали Вазорати корҳои дохилии Эрон баргузор шуд, онро "таърихӣ" хонд ва гуфт, "дар арсаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил, ба тавофуқҳои хубе расидем".

Ба навиштаи манбаъ, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар идома гуфтааст, "бо санаде, ки имруз имзо шуд, ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон дар ҳамаи арсаҳо тақвият меёбад". Ӯ умедворӣ кардааст, ки созишномаи ҳамкорӣ, пояе барои мустаҳкам шудани робитаҳои ду кишвар дар оянда шавад.

Ба навиштаи хабаргузории эронии "Меҳр", Раҳмонии Фазлӣ, вазири корҳои дохилии Эрон ин санади ҳамкориро ҳосили заҳмату талошҳо ва гуфтугӯҳои чандмоҳаи ҷонибҳо донистааст. Ӯ пас аз ин имзои ин санади ҳамкорӣ бо ишора ба инки "тавофуқи хубе" миёни ду кишвар ба имзо расид, гуфт, "қатъан ин тавофуқҳо дар густариши равобит ва муносибатҳо дар арсаҳои амниятӣ, интизомӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва тиҷорат муассир воқеъ хоҳад шуд".

Худи Раҳмонии Фазлӣ дар моҳи феврал ва Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон дар охирҳои моҳи март ба Тоҷикистон сафар карда бо мақомоти тоҷик гуфтугӯ карда буданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам иттилоъ дод, ки Рамазон Раҳимзода дар Теҳрон бо сардори Маркази пулиси Ҷумҳурии исломии Эрон Ҳусейн Аштарӣ мулоқот кардааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот пешниҳод шудааст, ки намояндагиҳои пулиси Эрон дар Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон дар Эрон боз шавад.

Оқои Раҳимзода ҳамчунин ба фаъолияти нерӯҳои вижаи Эрон шинос шудааст. Ин нерӯҳо дар роҳандозии амалиётҳои вижа, пешгирӣ аз беназмиҳои оммавӣ, аз байн бурдани гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ ва гардиши ғайриқонии маводи мухаддир, фаъолият мекунанд.

Сафари Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба Эрон ва имзои санади ҳамкорӣ байни вазоратҳои дохилии ду кишвар дар ҳоле сурат мегирад, ки дар моҳи феврали имсол ҳамтои эрониаш Раҳмонии Фазлӣ ба Душанбе сафар карда буд. Дар ин сафар масъалаҳои мавриди ду назар баҳсу баррасӣ шуданд. Вазири умури дохилии Эрон бо президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам мулоқот карда буд.

Муносибатҳои Душанбе ва Теҳрон дар чанд соли ахир чандон ҳамвор набудааст. Дар поёни соли 2015 равобит миёни Тоҷикистону Эрон ба сардӣ гароид. Тоҷикистон ошкору ниҳон мақомоти Эронро ба пуштибонӣ аз ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва Теҳрон Душанберо барои гум шудани миллионҳо доллари Бобаки Занҷонӣ муттаҳам карданд. Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон он замон чанд филми таҳиякардаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро намоиш дода буданд, ки дар онҳо Эрон ошкору пинҳон дар қатли шахсиятҳои маъруфи тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ айбдор мешуд. Аммо дар се соли ахир равобити ду кишвар рӯ ба гармӣ ниҳодааст.

XS
SM
MD
LG