Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноиб-сарвазири пешини Қирғизистон дар доираи парвандаи "Қумтор" боздошт шуд


Тойирбек Сарпашев, ноиб-сарвазири пешини Қирғизистон
Тойирбек Сарпашев, ноиб-сарвазири пешини Қирғизистон

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар доираи таҳқиқи парвандаи ҷиноии фасодкорӣ дар кони тилои "Қумтор" ноиб-сарвазири пешини ин кишвар Тойирбек Сарпашевро боздошт кард. Тафтишот муайян кардааст, ки Сарпашев "дар ҳамдастӣ бо роҳбарияти олии Қирғизистон ва намояндагони ширкати канадагии Centerra Gold Inc. рафторе содир кардааст, ки бар зарари муҳити зисти Қирғизистон равона шудааст". Тафтишот мегӯяд, "Тойирбек Сарпашев дар замони ноиб-сарвазир буданаш монеи қабули қонун дар бораи "Пиряхҳо" шудааст. Қонуни мазкур ба ҳифзи пиряхҳо равона шуда буд". Мақомоти Қирғизистон то ин замон чанде дигар аз мансабдорони пешини он кишвар ва вакилонро бо гумони фасодкорӣ дар кони тилои "Қумтор" боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG