Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Узбекистон хостори санҷиши солонаи варзишгарии аҳолӣ шуд


Яке аз толорҳи варзиш дар шаҳри Тошканд
Яке аз толорҳи варзиш дар шаҳри Тошканд

Бино бар дастури президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, сар аз 1 августи соли равон дар ин кишвар низоми баҳодиҳӣ ба сатҳи омодагии ҷисмонии сокинон ҷорӣ мешавад. Аз ин ба баъд дар Узбекистон соле як бор шуғли аҳолӣ ба варзиш ба таври сабқат санҷида хоҳад шуд. Ба иштирокдорони мусобиқа вобаста ба мақоми ишғолкарда ва сатҳи омодагиашон унвонҳо дода мешавад. Ба ҷуз ин, шахсоне, ки талаботи махсуси варзиширо иҷро мекунанд, дар давоми сол аз имтиёзҳое бархурдоранд. Барандагони ҷойҳои аввал бе имтиҳон ба "Мактаби Темурбекҳо" дохил шуда, ташхисашон дар муассисаҳои тиббии бисёрсоҳагӣ ройгон хоҳад буд. Мақомоти Узбекистон мегӯянд, ҳадаф аз ин дастур оммавӣ гшардондани варзиш ва ҳифзи тандурустии аҳолӣ аст.

XS
SM
MD
LG