Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собянин то 29 июн маҳдудиятҳои вобаста ба пандемияро шадидтар кард


Истгоҳи роҳи оҳани Рижский ё Рижский вокзалро бо маводи зиддиуфунӣ пок мекунанд
Истгоҳи роҳи оҳани Рижский ё Рижский вокзалро бо маводи зиддиуфунӣ пок мекунанд

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав бо сабаби болоравии якбораи ҳолатҳои олудашавӣ ба COVID-19 тадбирҳои маҳдудкунандаро то 29 июн тамдид кард. Собянин инчунин эълон кард, ки маконҳои нишасти ҳаводорони сабқати Евро 2020 баста мешаванд ва дар як ҷо ҳамъ шудани беш аз ҳазор нафар манъ мебошад. Собянин дар вебсайти худ навишт, “ман ин корро кардан намехостам, вале мо маҷбур ҳастем ин корро бикунем”. Ба навиштаи Собянин, шурӯъ аз имрӯз тамоми маъракаҳои ҷамъиятӣ муваққатан манъ мешаванд, дискоклубҳову маконҳои таҷаммӯи ҳаводорони футбол ҳам баста мешаванд. Қаблан мақомот варзишгоҳи Лужникиро макони ҷамъшавии расмии хосторони тамошои футболи аврупоӣ таъин карда буданд. Шаҳрдори Маскав гуфт, ки ин шаҳр бо навъҳои бисёр шадиди коронавирус рӯбарӯ шудааст. Ҳафтаи ҷорӣ Собянин барои кормандони бархе соҳаҳо эмкунии ҳатмӣ ё маҷбубиро ҷорӣ кард. Рӯзи 21 июн фаъолиятҳои кории риштаи тиҷорату савдо аз нав барқарор мешавад. Рӯзи 17 июн дар пайравӣ аз Маскав се минтақаи дурдасти Русия дар Сибиру Шарқи Дур ҳам гуфтанд, ки тадбирҳои шадидтари карантинро ҷорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG