Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноумедӣ ва фақр. Фазои пеш аз интихобот дар Эрон чӣ гуна аст? ВИДЕО


Фазои пеш аз интихобот дар Эрон

Рӯзи 18-уми июн раъйдиҳандагони эронӣ ба ҷои Ҳасан Рӯҳонӣ президенти нав интихоб мекунанд.

Дар ин маърака мушкилоти иқтисодӣ, таҳрими Амрико, таваррум, ҳукуматдории номуваффақи мансабдорони давлатӣ, болоравии нархҳо ва муқовимат ба бемории КОВИД-19 дар сархатти маъракаи интихоботӣ қарор дошт.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Ноумедӣ ва фақр. Дар Эрон кӣ ҷойгузини Рӯҳонӣ мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Дар арафаи интихоботи президентии 18-уми июн вазъи ногувори иқтисодии Эронро метавон аз лаҳни навмеди талбандаҳои сершумор ва мардуми бехонаву дари Теҳрон мушоҳида кард.

Як ҷавоне, ки дар хиёбонҳои Теҳрон навозандагӣ мекунад, мегӯяд, вазъи иқтисодии хонаводааш хуб нест.

Дар муқоиса бо як соли пеш нархи маводи ниёзи аввалия 47 дар сад боло рафта, бисёриҳо қудрати харидории онро аз даст додаанд.

Дар кӯчаҳо эълон дар бораи хариду фурӯши аъзои бадани инсон ҳам ба чашм мехӯрад. Нафаре гурӯҳи хун ва рақами телефонашро навишта, эълон кардааст, ки ҳозир аст, як гурдаашро фурӯшад.

Ин мард гуфт, ки модараш мариз аст ва ба пул ниёз дорад. “Бо як гурда мешавад зиндагӣ кард, ба хотири осоиши хонавода омодаам ҳардуяшро фурӯшам.”,--гуфт ӯ.

Бисёриҳо нокомии ҳукумати зери раҳбарии президент Ҳасан Рӯҳонӣ ба вижа, ноӯҳдабароии давлат дар мубориза бо саркашӣ аз супурдани андоз, хусусигардонии шубҳабарангези муассисаҳои давлатӣ, маошҳои пардохтношуда, бекорӣ ва фишори байналмилалиро сабабгори ин вазъ мешуморанд.

Баҳси вазъи иқтисоди Эрон дар мубоҳисаи телевизионии номзадҳои курсии раёсатҷумҳурӣ низ дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дошт. Кам нафаре пайдо мешавад, ки аз ин интихобот умеди тағйир дошта бошад.

Ба гуфти онҳо, баъди интихобот ҳам дар рӯи мизи мардум ғизо фаровон намешавад ва ҷумҳурии исломӣ низ воқеан ба биҳишт табдил намеёбад.

XS
SM
MD
LG