Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси номзадҳо ба мансаби президенти Эрон дар бораи буҳрони иқтисодӣ


Номзадҳо ба мансаби президенти Эрон
Номзадҳо ба мансаби президенти Эрон

Номзадҳо ба мансаби президенти Эрон дар мунозираи аввалини худ дар мавриди буҳрони иқтисодӣ дар он кишвар баҳс карданд. Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон 18-уми июни имсол баргузор хоҳад шуд.

Пеш аз баргузории интихобот норизоятиҳо дар мавриди буҳрони иқтисодии амиқ дар Эрон афзоиш ёфтааст. Буҳрони иқтисодӣ ба ҷорӣ шудани таҳримҳои Амрико дар соли 2018 рабт дорад.

Дар он замон Доналд Трамп, раиси ҷумҳури собиқи Амрико, аз тавофуқи ҳастаии соли 2015 бо Эрон берун шуда, таҳримҳоро ба зидди Теҳрон аз сар гирифт.

Шӯрои нигаҳбони Эрон аз миёни 600 довталаб танҳо ҳафт номзадро тасдиқ кардааст, ки дар миёни онҳо панҷ муҳофизакори ашаддӣ ва ду ислоҳталаб ҳастанд. Панҷ номзади муҳофизакор аз раёсати ҳаштсолаи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури ҳозира, танқид карда, аз Абдуносир Ҳимматӣ, раиси бонки марказӣ ва номзади барҷастаи миёнарав, хостанд, ки масъулияти буҳрони иқтисодиро ба уҳда гирад.

Муҳсин Ризоӣ, раиси собиқи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, хитоб ба Ҳимматӣ гуфт, ҳукуматашон фоҷеабор буд. Ҳимматӣ баръакс муҳофизакоронро муқассири афзоиши таниши байни Эрон ва Ғарб донист ва гуфт, онҳо вазъияти иқтисодиро бадтар кардаанд.

Ҳасанӣ Рӯҳонӣ ду давраи чаҳорсоларо паси сар карда, наметавонад дар интихоботи пеши рӯ иштирок кунад. Ӯро тарроҳи аслии тавофуқи ҳастаии соли 2015 мегӯянд. Музокирот барои эҳёи он тавофуқ дар аввали моҳи апрел дар Вена, пойтахти Австрия, оғоз шуд.

XS
SM
MD
LG