Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден ва Путин пас аз кашокашҳои лафзӣ рӯ ба рӯ суҳбат мекунанд. ВИДЕО


Ҷо Байден ва Владимир путин. Акси танзимшуда
Ҷо Байден ва Владимир путин. Акси танзимшуда

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден гуфт, агар Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифони Русия бимирад, ин як "фоҷеа"-е мешавад, ки равобити Русияву ИМА ва дигар нуқоти ҷаҳонро хароб хоҳад кард.

Байден дар ҳоле чунин суҳбат кард, ки қарор аст, рӯзи 16-уми июн бо Путин мулоқот кунад.

Агар Навалний бимирад...

Дар нишасти хабарие, ки рӯзи 14-уми июн дар қароргоҳи НАТО дар Брюссел барпо шуд, аз Байден пурсиданд, ки дар сурати марги эҳтимолии Навалний, мухолифи зиндонии Путин чӣ мешавад.

Путин ҳангоми суҳбат бо як расонаи амрикоӣ
Путин ҳангоми суҳбат бо як расонаи амрикоӣ

Чанд рӯз пеш дар суҳбат бо хабарнигорони телевизиони амрикоии “NBC News” Путин мутақоид накард, ки Навалний метавонад, пас аз 32 моҳи зиндон аз он ҷо солим берун барояд. Путин иддао кард, ки “муносибат бо Навалний бадтар аз дигар зиндониҳо нахоҳад буд”.

Байден рӯзи 14 июн гуфт: “Марги Навалний як аломати дигари он мешавад, ки Русия барои иҷрои ӯҳдадориҳои бунёдиаш дар заминаи ҳуқуқи башар талоши хеле кам ва ё аслан коре намекунад. Ин як фоҷеа мешавад ва ба ҷуз ин ки муносибатҳоро бо дигар нуқоти ҷаҳон ва ман бад мекунад, натиҷаи дигар намедиҳад”.

Гумон аст, ки Байден ва Путин дӯстона суҳбат кунанд

Изҳори назарҳои ду президент андешаҳоеро эҷод кардааст, ки мулоқоти Ҷо Байден бо Владимир Путин, ки рӯзи 16-уми июн дар Женева баргузор мешавад, ба гумон аст, ки дар фазои дӯстона сурат бигирад. Онҳо бори охир бештар аз даҳ сол пеш, вақте Байден ноиби президент ва Путин сарвазир буд, мулоқот доштанд. Он замон ҷонибҳо хушбин ва ба равобити беҳтар умедвор буданд. Фазои пеш аз мулоқоти Женева бошад, фарқ мекунад.Ҷонибҳо дар бораи таҳкими муносибатҳо ҳарф намезананд, балки ҳамдигарро айбдор мекунанд.

Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифин дар Русия
Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифин дар Русия

Ҳоло эҳтимол аст, ки яке аз мавзуҳои баҳс дар ин мулоқот мавзуи Алексей Навалний бошад. Навалний соли гузашта заҳролуд шуд ва ӯву тарафдоронаш гуфтанд, ки ин амрро Путин содир кардааст. Ӯ охири моҳи март ва апрел дар зиндон 24 рӯз гуруснанишинӣ кард ва нигарониҳоеро дар заминаи эҳтимоли маргаш ба бор овард. Худи ӯ ҳолаташро чунин шарҳ дод: “Як скелет дар даруни ҳуҷра рафтуо мекунад”.

23-юми июн гуруснанишинии ӯ хотима ёфт ва баъди муолиҷа дар беморхона ӯро дубора ба утоқи зиндон интиқол доданд.

“Рақиби арзанда” ва “қавӣ”

Дар нишасти матбуотӣ аз Байден пурсиданд, ки оё дар мулоқоташ бо Путин дар шаҳри Женеваи Швейсария рӯзи 16-уми июн кадом масоили мушаххасро баррасӣ мекунад, ӯ тафсилоти зиёде надод. Ӯ ишора кард, ки ба масоили мавриди мувофиқа бо Путин нигоҳ мекунад ва ҳам аз идомаи рафтори хашинаш нисбати ИМА ва муттафиқони он ҳушдор дод.

“Ман ба президент Путин дар бораи масоиле, ки метавонем ҳамкорӣ кунем, агар ӯ интихоб кунад, хоҳам гуфт ва агар гуфт, ки ҳамкорӣ намекунад ва мисли пешин, мисле, ки бо ҳамлаҳои рахнагарӣ ва дигар корҳо мекард, бикунад, мо ҳам посух хоҳем дод.”,--гуфт Байден.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед:

Интизориҳо аз мулоқоти раҳбарони ИМА ва Русия дар Женева
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Байден Путинро ҳамчун “рақиби арзанда”, “дурахшон” ва “қавӣ” сифат дод. Байден ишора кард, ки вобаста ба натиҷаҳои мулоқот амал мекунад ва “аввал санҷида баъд эътимод хоҳад кард”.

Байден инчунин гуфт, ки ҳамаи раҳбарони НАТО барои ташкили мулоқот бо Путин аз ӯ сипосгузорӣ карданд. Ҳоло Байден дар пешорӯи масъалаи ин ки мулоқоти рӯбарӯяш бо Путин боиси боло рафтани обрӯи раҳбари худкомаи Русия мешавад, қарор дорад.

“Рафтори хашини” Чинро ҳам ёдовар шуданд

Чунин бардошт аз изҳороти ниҳоии раҳбарони кишварҳои НАТО ҳам ҳосил шуд, ки навиштанд, Русия “ҳамоно ба нақзи арзишҳо, принсипҳо, эътимод ва ӯҳдадориҳое, ки дар санадҳои марбут ба равобити НАТО-ву Русия зикр шудаанд, идома медиҳад”.

Дар ин санади тӯлонӣ исми Русия дар 60 маврид зикр шуда, гуфта мешавад, дар сурате, ки Русия “мушкил бо иҷрои қонунҳои байналмилалӣ ва ӯҳдадориву масъулиятҳои байналмилалиаш”-ро ба намоиш гузорад, “бозгашт ба кору муносибати маъмулӣ” имкон надорад.

Дар изҳорот ҳамчунин аз Моддаи 5 ва ҳамлаҳои азими интернетӣ ёдоварӣ шудааст, ки ба як нигаронии бисёр ҷиддӣ ва азфоянда табдил шудааст. Ахиран ширкату шабакаҳои азими амрикоӣ мавриди ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифтанд. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки ҳамлагарон дар Русия қарор доранд.

Дар баёнияи раҳбарони НАТО инчунин аз “рафтори хашини” Чин ҳам ёдовар шудаанд, ки низоми байналмилалии бунёдшуда бар пояи қонунҳоро ба чолиш мекашад. Дар ин изҳорот таъкид шудааст, ки Чин захираҳои силоҳҳои ҳастаии худро афзоиш дода, бо Русия ҳам дар бахши силоҳҳо ҳамкорӣ барпо кардааст. Аз Чин даъват шудааст, ки мутобиқ ба ӯҳдадориҳои байналмилалии худ амал кунад.

Байден аввалин бор ба ҳайси президенти ИМА дар сафари Аврупо қарор дорад ва рӯзҳои истироҳати гузашта дар ҷаласаи сарони кишварҳои “Гуруҳи Ҳафтгона” ё гуруҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон иштирок кард. Ин ҷаласа дар остонаи мулоқоти Байдену Путин, махсусан ба хотири намоиши муттаҳидии демократияҳои ҷаҳон дар баробари рафтори хашини Русия, баргузор шуд.

Кай нобоварии ИМА ба Русия бештар шуд?

Афзоиши нобоварии ИМА ВА Русия замоне бештар шуд, ки Русия Қрими Украинаро соли 2014 забт кард. Дар соли 2021, Русия нерӯҳои худро дар марзи Украина мустақар намуд ва бори дигар интиқоди Вашингтонро ба бор овард. Байден ваъда дод, ки фишорро ба Маскав барои қатъи таҳдид ба истиқлолияти Украина ва нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандии мухолифони сиёсии Кремл афзоиш хоҳад дод. Дар моҳи апрел, Иёлоти Муттаҳида алайҳи Русия бинобар дахолати эҳтимолӣ дар интихобот, ҳамлаҳои кибернетикӣ ва дигар фаъолиятҳо таҳримҳои нав ҷорӣ кард.

Ҳамин тариқ ба эҳтимоли зиёд мулоқоти Женева дар равобити ИМА ва Русия тағйире ворид нахоҳад кард, вале шояд нишон диҳад, ки дар давраи президентии Ҷо Байден самтгирии ин робитаҳо чӣ гуна хоҳад буд?

XS
SM
MD
LG