Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар бораи Байден ва иттиҳоми "қотил" сӯҳбат кард


Президенти Русияи Владимир Путин
Президенти Русияи Владимир Путин

Президенти Русияи Владимир Путин дар як мусоҳибааш гуфт, ки равобит бо ИМА ба поинтарин сатҳ фаромадааст. Дар сӯҳбате, ки пеш аз мулоқоти ӯ бо ҳамтои амрикоиаш Ҷо Байден барпо шуд, Путин ба саволҳои зиёд, аз ҷумла, ба иттиҳоми “қотил” номида шуданаш ҳам посух дод. Мулоқоти ду раҳбар 16-уми июн дар Женева барпо мешавад ва порае аз сӯҳбатҳои Путин рӯзи 11-уми июн пахш шуд. Путин дар ин сӯҳбаташ президенти собиқ Доналд Трампро як раҳбари “фавқулодда” ва Байденро касбӣ номид ва айни замон, изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкории онҳо натиҷабахш мешавад.

Дар ин мусоҳиба аз Путин инчунин дар бораи мухолифони Кремлин суол карданд, ки кушта шудаанд ва ҳам тахмини садододаи Байден дар моҳи март, ки гуфт, Путин метавонад “як қотил” бошад. Путин гуфт: “Дар замони раҳбариам ба ҳамлаҳо - бо ҳар баҳона, сабаб ва ҳам ба ҳар навъ ва шакл одат кардаам. Аз ин чиз ҳайрон намешавам”.

XS
SM
MD
LG