Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди мулоқоти Путину Байден президенти ИМА дар нишасти хабарӣ танҳо ҳозир мешавад


Шаҳри соҳилии Корнволии Бритониё. Президенти ИМА Ҷо Байден бо хонумаш Ҷилл
Шаҳри соҳилии Корнволии Бритониё. Президенти ИМА Ҷо Байден бо хонумаш Ҷилл

Кохи Сафед гуфт, ки ҳафтаи оянда баъди гуфтугӯи аввалини президенти ИМА бо раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин – Ҷо Байден дар нишасти хабарӣ танҳо иштирок хоҳад кард. Ин хабарро ҳамчун аломати таниши идомаёбанда дар равобити миёни Маскав ва Вашингтон шарҳ медиҳанд.

Як намояндаи маъмурияти Кохи Сафед гуфт, ки ҳузури танҳои Байден дар нишасти матбуотӣ “як шакли қабулшудаи муошират бо матбуот дар заминаи мавзӯи сӯҳбатҳо ба ҳисоб меравад”. Мусоҳиби хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки чунин шакли сӯҳбат бо матбуот дар масоиле, ки мавриди мувофиқат ваё ихтилофи ду ҷониб мебошад, қабулшуда аст.

Тасмими ширкати танҳо дар нишасти хабарӣ ҳамчун ба чолиш кашидани Путин аз ҷониби Байден ҳам арзёбӣ мешавад, чун дар ин сурат бояд дар паҳлӯи ӯ биистанд, дар ҳоле, ки чанде пеш тахмин кард, ки шояд Путин “қотил” бошад. Мулоқоти мазкур тафовути рӯшани миёни мулоқоти соли 2018-и миёни Путин ва президенти собиқи ИМА Доналд Трамп дар шаҳри Ҳелсинкиро ба намоиш мегузорад.

Баъди мулоқоти пушти дарҳои баста Трамп дар назди хабарнигорон пайдо шуду аз Русия дар робита бо арзёбиҳои хадамоти кашфи Амрико оид ба дахолати ин кишвар ба интихоботи президентии соли 2016-и Амрико ҳимоят кард.

Байден, ки имрӯзҳо дар ҷаласаи Гурӯҳи Ҳафтгона иштирок мекунад, қарор аст 16-уми май ба Женева барои мулоқот бо Путин биравад.

XS
SM
MD
LG