Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти тоҷик пойфишорӣ доранд, ки COVID-19 нест. Сокинон далели дигар доранд. ВИДЕО


Акс аз як ташхисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи хабарҳои бозгашти COVID-19 ба кишвар мегӯяд, афроде ки рӯзҳои ахир бо нишонаҳои коронавирус бистарӣ шудаанд, танҳо мушкили шуш доранд. Ба гуфтаи масъулини Вазорат, ин гуруҳ сокинон соли гузашта ба коронавирус сироят шуда, дар гармиҳои шадиди аввали моҳи июн тавсияҳои пизишконро риоя накардаанд. Вале пизишкон ва расонаҳо мегӯянд, тести даҳҳо нафар дар ташхисгоҳҳои хусусӣ мусбат баромада, гирифтории онҳо ба COVID-19 собит шудааст.

Мавзуъ чигуна доғ шуд?

Рӯзи 12-уми май Радиои Озодӣ ва хабаргузории “Азия-Плюс” дар гузоришҳои алоҳида аз гирифтории чанд нафар ба COVID-19 хабар доданд. Як сокини Душанбе бо ирсоли натиҷаи ташхис ба Радиои Озодӣ гуфт, тести падару модараш дар яке аз ташхисгоҳҳои хусусии пойтахт мусбат баромадааст.

Хабаргузории “Азия-Плюс" ҳам аз манбаи худ дар озмоишгоҳи "Диамед" иттилоъ дод, ки 8-уми июн танҳо дар шаҳри Душанбе 100 гирифтори коронавирус ошкор шудааст. Расона менависад, дар озмоишгоҳҳои дигар низ пайдо шудани беморонро тасдиқ кардаанд.

Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустӣ
Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустӣ

Вале масъулини Вазорати тандурустӣ ин ҳамаро рад мекунанд. Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорат рӯзи 14-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, гумонбарони сироят ба коронавирус ҳастанд, вале ташхиси ягон нафари онҳо мусбат набаромадааст. Сухангӯи вазорат гуфт, бисёри гумонбарон дар гармиҳои шадиди аввали моҳи июн зиёд оби хунук нӯшида, соатҳо дар ҳавзҳо оббозӣ кардаанд ва ба ин хотир саломатиашон бад шуд. "Нафароне, ки бемории коронавирусро гузаронданд, мушкил дар ҳаминҳо аст. Ҳаминҳо бештар муроҷиат карда истодаанд бо нишонаҳои ҳароратбаландӣ, яъне нуқси шуш. Коронавирус на, бо нуқси шуш муроҷиат карда истодаанд.”,--гуфт ӯ.

Оё мудири дармонгоҳ зери фишор ҳарфашро дигар кард?

Пизишкон баръакси гуфтаи вазоратро мегӯянд. Ҳаддиақал чор пизишке, ки дар дармонгоҳ ё поликлиникаҳои Душанбе кор мекунанд, тасдиқ карданд, ки дар минтақаҳои зери назораташон шахсони сироятёфта ба коронавирусро табобат мекунанд.

Яке аз онҳо Ҳомид Ҳомидзода, сардухтури дармонгоҳи рақами 13-и шаҳри Душанбе, ки рӯзи 12-уми июн аз сабт шудани гирифтории 10 нафар ба коронавирус хабар дод. Вале пизишк имрӯз ҳарфашро тағйир дод ва айни ҳамон чизеро гуфт, ки Вазорати тандурустӣ мегӯяд. Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ мудири дармонгоҳ баъди нашри суҳбаташ бо Радиои Озодӣ зери фишор қарор гирифтааст. Ҳарчанд худаш зери фишор қарор гирифтанашро қотеона рад мекунад.

Натиҷаи тести мусбати сокини 62-солаи Душанбе аз санаи 30-юми майи соли ҷорӣ
Натиҷаи тести мусбати сокини 62-солаи Душанбе аз санаи 30-юми майи соли ҷорӣ

Дар шароите, ки пизишкон ва наздикони бархе беморон ба будани COVID-19 ва Вазорати тандурустӣ ба набудани беморӣ таъкид мекунанд, тасдиқи дурустии вазъ мушкил аст. Чун рӯзноманигорон ба ташхисгоҳи зертобеи Вазорати тандурустӣ дастрасӣ надоранд. Ташхисгоҳҳои хусусӣ ҳам, ки аз сокинон тести коронавирус мегиранд, расман дар ин бора суҳбат намекунанд ва мегӯянд, иттилоъро аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ гирем.

Мушкили дигар ин аст, ки баъди мусбат баромадани ташхиси ягон нафар дар ташхисгоҳҳои хусусӣ, дубора аз фарди бемор тест гирифта, дар озмоишгоҳҳои референсӣ месанҷанд. Ҳадди ақал дар ду ҳолат собит шудааст, ки натиҷаи тести дуюм, ки дар аввал мусбат буд, манфӣ эълон мешавад.

Ба ҷуз аз ташхисгоҳҳо, суҳбат кардани пизишкон ва масъулини беҳдоштӣ дар бораи гирифтории сокинон ба коронавирус барояшон мушкилзо мешавад. Чун бархе онҳо ба монанди Абдумавлон Абдуллозода, сардори Маркази беҳдоштии вилояти Суғд баъди суҳбат бо хабарнигорон дар робита ба коронавирус аз мақомашон барканор шуданд.

Дар пасманзари баҳсҳо атрофи будан ё набудани коронавирус дар Тоҷикистон бархе огоҳони соҳа мегӯянд, зоҳиран мақомоти тоҷик бо пойфишорӣ бар набудани COVID-19 мехоҳанд, аз дубора баста шудани марз ва парвозҳо пешгирӣ кунанд. Назаре, ки масъулини Вазорати тандурустӣ онро рад мекунанд.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти тоҷикро ба пинҳонкорӣ дар робита ба коронавирус муттаҳам мекунанд. Дар моҳҳои март-апрели соли гузашта ҳам Вазорати тандурустиро ба хотири он интиқод мекарданд, ки мавҷудияти коронавирусро рад мекунад. Вале масъулин мегуфтанд, иттилои додаи онҳо санҷидашуда аст ва бархеҳо мехоҳанд сокинонро ба воҳима андозанд.

Шарҳҳоро бинед (13)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG