Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон шикорчиёни ғайриқонунӣ баъди латту кӯби ҷангалбон боздошт шуданд


Ин ҳодиса рӯзи 8 июн рух дод. Нозири ҷангал дар обанбори Шардарини вилояти Туркистони Қазоқистон шикорчиёни ғайриқонуниро мушоҳида кард. Мардони ниқобпӯш тавассути неруи барқ аз обанбор моҳӣ шикор мекарданд.

Шикорчиён ҷангалбононро бо оҳанпора латту кӯб ва аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Ҷабрдидаҳо пулисро ба ҷои ҳодиса даъват карданд. Яке аз ҷангалбонон дар бемористон бистарӣ шудааст.

Ҷангалбонон мегӯянд, шикорчиёни ғайриқонунӣ дар як қаиқ тавассути неруи барқ наздики 60 кг моҳӣ шикор кардаанд. Ба гуфтаи нозирони ҷангал, дар Қазоқистон бо неруи барқ шикор кардани моҳӣ манъ аст.

Пулиси Қазоқистон хабар дод, ки гумонбари латту кӯби ҷангалбонҳо боздошт шудаанд. Дар сурати исботи айб, ҳамлагаронро то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG