Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Душанбе барои нигаҳдории 5 таппонча 6 сол зиндон шуд


Таппончаи навъи Макаров
Таппончаи навъи Макаров

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як марди 64-солаи сокини пойтахтро барои харид ва фурӯши силоҳ ба шаш соли зиндон маҳкум кардааст.

Дар сомонаи додгоҳи ноҳияи И. Сомонӣ гуфта мешавад, ки Маматқул Надиров соли 2011 яроқи шикорӣ ва дар соли 2014 бо арзиши чор ҳазор доллари амрикоӣ панҷ адад тапончаи тамғаи “Макаров” бо тиру тирдонаш харидорӣ карда, қасди бо маблағи бештар фурӯхтани онҳоро дошт.

Назари пайвандон ва адвокати маҳкумшуда маълум нест. Додгоҳ гуфтааст, ки Надиров ҳарчанд гуноҳи худро пурра эътироф накард, вале ҷинояти ӯ бо далелҳо собит шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, Надиров рӯзи 4-уми декабри соли гузашта боздошт шуд. Ду таппонча аз манзили зисти ӯ ва се таппончаи дигар аз хонаи хоҳараш пайдо шудааст.

Дар гузашта мақомот аз боздошти сокинон барои нигаҳдории яроқи шикорӣ хабар дода буданд, вале мавриди нигаҳдории силоҳи ҷангӣ дар дасти сокинон кам иттифоқ меафтад.

XS
SM
MD
LG