Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Валерий Аҳадов раиси Хонаи марказии синамогарон шуд


 Валерий Аҳадов дар Душанбе. Акс аз соли 2017
Валерий Аҳадов дар Душанбе. Акс аз соли 2017

Коргардони маъруфи синамои тоҷик ва ходими хизматнишондодаи Тоҷикистону Русия Валерий Аҳадов дар Маскав раиси Хонаи марказии синамогарон шуд. Дар ин бора чанд рӯз пеш худи ин муассиса хабар додааст. Аҳадоми 75-сола солиёни дароз дар Тоҷикистон саркоргардони Театри русии драмавии ба номи Маяковский буд. Дар студияи Тоҷикфилм даҳҳо филмҳои бадеӣ, аз ҷумла, “Корҳои оилавии Ғаюровҳо”, “Дарвеши ланг”, “Асрори оилавӣ”-ро бардошта, дар филми “Хати парвоз” ба ҳайси ҳунарпеша баромад кардааст.

Соли 2019 дар як сафараш ба Тоҷикистон ӯ барои филмсозони тоҷик давраи кӯтоҳи омӯзишӣ барпо кард. Валерий Аҳадов дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ дар ҳошияи дарсҳояш дар Душанбе гуфт, "тоҷикон табиатан мардуми ҳунарманд ва боистеъдод ҳастанд. Онҳо бисёр мардуми эҷодкоранд, вале ба онҳо бояд аз назари дарёфти маълумоти касбӣ кӯмак кард. Агар маро барои кор даъват кунанд, ҳатман меоям".

XS
SM
MD
LG