Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз таҳрим озод шудани бархе мақомоти эрониро шарҳ дод


Нед Прайс, сухангӯи  Департаменти давлатӣ
Нед Прайс, сухангӯи  Департаменти давлатӣ

Ҳукумати ИМА се мақомдори эрониву ду ширкатро, ки бо тиҷорати маҳсулоти нафтӣ мушғул аст, аз таҳрим озод кард. Қарори мазкур 10-уми июн эълон шуд ва дафъатан суолҳоеро дар заминаи ин ки то куҷо ин тасмимҳо ба ҷараёни музокироти бозгашти ИМА ба созиши ҳастаӣ бо Эрон аз соли 2015 марбут аст, эҷод кард. Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ гуфт, ки ба ин музокирот рабте надорад ва ин як бахши маъмулии кор аст. Дар изҳороти Идораи назорат аз дороиҳои хориҷии ИМА гуфта шуд, ки аз феҳристи таҳримшудаҳо хориҷ кардани ин шахсону ширкатҳо натиҷаи “тағйири рафтор ё мақоми ин ҷонибҳо ва ҳам намоиши ӯҳдадории ҳукумати ИМА ба бекор кардани таҳримҳо дар ҳолати тағйири рафтор кардани таҳримшудаҳо мебошад”.

Прайс инчунин гуфт, ки тими музокиротии ИМА ба даври шашуми гуфтугӯҳо ба Вена бармегардад. Ӯ гуфт, ки пешравиҳо ҳастанд, вале ҳамоно баъзе масъалаҳо ҷонибҳоро ба ду тақсим кардааст. Музокиракунандаҳо аз Бритониё, Фаронса ва Олмон ва ҳам дигар қудратҳо аз моҳи апрели имсол ба гуфтугӯ пардохтаанд, то ки дубора ИМА ба созиш баргардад ва Эрон ҳам аз ҷониби худ ба иҷрои тааҳҳудоти ҳастаиаш пойбанд шавад.

XS
SM
MD
LG