Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде, ки Макронро шаппотӣ зад, 4 моҳ ҳабс шуд


Дамиан Тарел, шаҳрванди Фаронса, ки рӯзи 8 июн ба рӯи Эммануэл Макрон, президенти он кишвар шаппотӣ зад, аз сӯи додгоҳ ба 18 моҳи зиндон маҳкум шуд.

Вай 4 моҳро дар ҳабс пушти сар мекунад ва 14 моҳи дигар шартан дар озодӣ мемонад. Моддае, ки Тарел бар асоси он муҳокима шуд, то 3 соли зиндон ва ё ҷаримаро пешбинӣ мекунад.

Ҳодисаи шаппотӣ задани президент дар ҷанубу шарқи Фаронса рух дод. Макрон назди ҳаводоронаш баромад. Он лаҳза Тарели 28-сола, ки миёни мардум буд, президентро шаппотӣ зад. Дар наворҳо дида мешавад, ки Тарел ҳамзамон фарёд мезанад: "Нест бод макронизм". Вай дар додгоҳ гуфт, аз кардааш пушаймон нест. Тарел ҳамчунин дар додгоҳ гуфтааст, ки Макрон "кишварро заъиф" месозад.

Макрон ба ин ҳодиса таваҷҷуҳи чандоне накардааст. Вай гуфтааст, ба мулоқотҳояш бо интихобкунандагон идома медиҳад. Бисёре аз сиёсатмадорони фаронсавӣ, аз ҷумла рақибони Макрон ҳодисаи шаппотӣ задани ӯро маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG