Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи газ дар Суғд то 10% баланд шуд. Сокинон аз "сироят"-и он ба гӯшаҳои дигар нигаронанд. ВИДЕО


Дар як ҳафтаи охир нархи гази моеъ дар Хуҷанд то даҳ дарсад баланд шуд. Рӯзи 8-уми июн дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи як литри он 5 сомонию 15 дирам буд. Дар муқоиса ба як моҳ пеш тақрибан 50 дирам гаронтар. Фурӯшандагон ин афзоишро шарҳ намедиҳанд, ронандагон мегӯянд, он ба кам ва гарон шудани воридот бастагӣ дорад.

“Ба фикри ман, чун бо қирғизҳо муносибат бад шуд, газ қиммат шуд. Ё шояд ба нархи баланд ворид мекунанд. Вақте аз фурӯшандагон мепурсем, аксарият мегӯянд, коргар ҳастем, сабабашро намедонем”, -- нақл кард Хуршед ном ронандае дар шаҳри Хуҷанд.

Ронандаҳо мегӯянд, нархи газ дар Хуҷанд нисбат ба Душанбе бештар гарон шуда, ба кори кирокаш ва мусофирбарҳо таъсир кардааст. Мусофирон низ аз баландшавии роҳкиро нигаронанд.

Донишҷӯ Комрон Валиев гуфт, “аз Фархор ба инҷо барои таҳсил омадаам. Пештар роҳкиро аз 70 то 80 сомонӣ буд, ҳоло 150 сомонӣ шудааст. Ба ин нарх зӯри мо намерасад. Ронандаҳо мегӯянд, газу бензин гарон шудааст.”

“Газ арзон бошад, барои мо ҳам хуб аст, чунки мизоҷон даррав мешинанд ва меравем. Мошини ман чаҳор касро мебарад ва харҷаш зиёду фоида надорад. Ба дусад сомонӣ газ мехарам. Боз бар замми ин ба роҳ пул медиҳам ва рафтуомадам 500 сомонӣ мешавад”, -- шикоят кард Назар, ронандаи таксӣ.

Дар Суғд қимати газ боло рафтааст, навбати дигар ҷойҳо?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Зимнан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нархи як литр бензини баландсифат то 9 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ ба марзи 8,5 сомонӣ мерасад. Дар муқоиса ба аввалҳои имсол гази моеъ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ то 2 сомонӣ боло рафт.

Дар моҳи январ гази моеъ ҳамагӣ 4 сомонӣ ва бензину дизел бо нархи 7 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Ширкатҳои "Газпром", "Газойл", "Ориё", "Роҳи Сомон нафт", "Се ганҷ" ва "Суғднефт" аз ҷумлаи воридкунандаҳои маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Дар ҳоле ки иддае гаронии нархи сӯзишвориро ба хостҳои монополистони соҳа рабт медиҳанд, пештар мақомоти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон далели қиматшавии сӯзишвориро ба коҳиши интиқоли он аз Қазоқистон пайванд дода буданд.

XS
SM
MD
LG