Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кӯлобу Бохтар низоми биллингии пардохти барқ ҷорӣ мешавад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон низоми биллингии пардохти нерӯи барқ ҷорӣ карда мешавад. Дар ин бора 9-уми июн порлумон қарор қабул кард.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, дар назди вакилон гуфт, ҷорӣ шудани низоми биллингӣ дар доираи тарҳи "Кам кардани талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон" амалӣ мешавад.

Ба қавли ӯ, ин тарҳ бо харҷи 35 миллион доллар амалӣ шуда, 15 миллиони он гранти Иттиҳоди Аврупо ва 20 миллиони дигар қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд аст. Лоиҳа соли 2021 оғоз шуда, то соли 2025 идома меёбад.

Мақомот гуфтанд, ба ҷуз аз ҷорӣ шудани низоми биллингӣ дар Кӯлоб ва Бохтар, ҳамчунин, сохтмони зеристгоҳҳо ва иваз кардани хатҳои интиқоли барқ дар назар аст.

Ҳанӯз маълум нест, кадом ширкатҳо масъули ҷорӣ кардани низоми биллингии пардохти ҳаққи барқ дар Кӯлоб ва Бохтар мешаванд.

Соли 2013 ширкати "Барқи тоҷик" дар чанд шаҳру ноҳияи кишвар барои санҷиш низоми биллингро ҷорӣ кард ва онро як усули халосӣ аз гум шудани пулҳои истифодаи нерӯи барқ ва беҳбуди вазъи соҳа номид. Ҳозир чунин низом дар шаҳри Хуҷанд ва таҷрибавӣ дар Кӯлобу баъзе аз маҳаллаҳои ноҳияи Рӯдакӣ амал мекунад.

Муштариёни низоми биллингии пардохти барқ дар Хуҷанд беш аз 62 ҳазор, дар Рӯдакӣ 10 ҳазор ва дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 8 ҳазорро ташкил медиҳад.

Ҳарчанд мақомот аз ҳосили кори низоми биллингӣ тавсиф мекунанд, баъзе аз сокинон бараъкс мегӯянд, низоми нави хариди нерӯи барқ барои онҳо мушкилзост.

XS
SM
MD
LG