Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи билет дар Тоҷикистон "каме ба танзим даромад", аммо камчин шуд. ВИДЕО


Дар ҷустуҷӯи билет
Дар ҷустуҷӯи билет

Дар Тоҷикистон камчинии билети ҳавопаймо ба самти Русия ба мушоҳида мерасад. Рӯзи 8-уми июн дари баъзе аз дӯконҳои билетфурӯшӣ дар Душанбе ё баста буданд ва ё соҳибонашон ба суоли "оё билет доред?" бо "не" ҷавоб медоданд. Ба нақли чанде аз корафтодагон, ба онҳо гуфтаанд, ки ба камияш то охири моҳи июн ба самти Русия "билет нест".

"Мегӯянд, пас аз 15 июл мешавад"

Феълан танҳо дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе парвозҳои маъмулии ҳавопаймоҳо барқарор шуда, парвозҳои дигар чартерианд ва нархи билеташон ҳам гаронтар. Аз Душанбе ба Маскав ҳафтае ду парвози маъмулӣ анҷом мешавад. Қарор аст, аз 10-уми июн парвозҳои мунтазам дар хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе зиёд карда шаванд.

Пештар садҳо мусофир аз гаронии нархи билети ҳавопаймо (аз 8 то 12-15 ҳазор сомонӣ) ба Русия шикоят доштанд. Мақомоти Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон аз масъулони ширкатҳои русӣ хостанд, ки билетро аз 500 доллар зиёдтар нафурӯшанд, вагарна ҳаққи парвозро аз даст медиҳанд.

Мусофирон мегӯянд, нархи билет то ҷое "ба танзим даромад", вале ёфтанаш мушкил шуд.

Муҳаммад Носиров
Муҳаммад Носиров

"Аз бонк қарз гирифтем, то шаҳри Қазони Русия ё ягон шаҳри дигари Русия билет даркор аст. Мегӯянд, билет нест. Нархи давлатияш 6000 сомонӣ. Ҳатто дар ахбори Тоҷикистон эълон карданд, вале мегӯянд, нархи билет аз 8000 сомонӣ боло аст ва он ҳам баъд аз 15-уми июл мешавад", -- нақл кард Муҳаммад Носиров, сокини ноҳияи Файзобод, рӯзи 8-уми июн.

Мусофири дигар, Ҳайдар Акрамов, ду рӯз пеш ба ҷустуҷӯйи билет аз ноҳияи Файзобод ба Душанбе омадааст. Мегӯяд, то ин дам чанд нуқтаи билетфурӯширо гашт, вале чизе наёфт: "Ба фурудгоҳ рафтам, дӯконҳои чиптафурӯширо гаштам. Мегӯянд, ки нест. Бачаҳо як-ду рӯз пеш бо 6300 сомонӣ билет хариданд, мо ҳам омадем, ки ба ҳамин нарх пайдо кунем, ҳоло наёфтем."

Ҳайдар Икромов
Ҳайдар Икромов

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз мусофирон тасдиқ карданд, ҳарчанд ба сахтӣ, вале бо нархи таъиншуда билет хариданд. Насибалӣ Мирзиёров, сокини ноҳияи Ашт, рӯзи 8-уми июн дар Душанбе буд ва гуфт, ду рӯз пеш ба 6500 сомонӣ билет гирифтааст.

Як дар фикри Тошканд, дигаре аз роҳи оҳан мегӯяд

Дар нуқтаҳои билетфурӯшии маҳаллаи маъруф ба "Бозори Шоҳмансур"-и Душанбе дари ду дӯкон боз буд, аммо соҳибонашон баробари дидани наворгир дари худро бастанд. Онҳо ҳозир нашуданд, ки ба суолҳои мо, аз ҷумла дар мавриди будан ё набудани билети парвоз ба Русия, посух диҳанд.

Саҳнаи атрофи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе назар ба чанд рӯзи пеш фарқ мекунад. Анбуҳи мусофирони бандмонда дида намешаванд, зоҳиран ба Русия рафтаанд. Вале баъзе мусофирон гуфтанд, ҳанӯз парвозҳо ба Русия ба таъхир меафтанд ва гуруҳеро мунтазир мегузоранд. Яке аз онҳо Камол Хушбахтов, сокини ноҳияи Ёвон, аст, ки мегӯяд, "рӯзи 8-уми июн парвоз доштем, ҳавопаймо наомад. Гуфтанд, дертар меояд, мунтазир ҳастем."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Билет нест, агар бошад ҳам гарон аст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки худро ба воситаи кишвари севум ба Русия мерасонанд. Наимҷон Тӯраев, сокини ноҳияи Хуросон, гуфт, ҳарчанд сафар аз Душанбе ба Тошканд ва сипас ба Русия (8500 сомонӣ) арзон нест, "саргардонии камтар дорад". Дигарон пешниҳод доранд, ки мақомоти Тоҷикистону Русия ҳарчи зуд барои кушодани роҳи оҳан ба тавофуқ бирасанд ва мардумро аз сарсонӣ халос кунанд.

"Роҳи оҳанро боз кунанд, роҳҳои байналмилалӣ кушодааст. Ҳавопаймоҳҳо ба ҳама самт парвоз анҷом дода истодаанд. Агар роҳи оҳанро кушоянд, нархи билет арзон мешавад. Мардум ором рафта метавонанад", -- бовар дорад Муҳаммад Ҳакимов, сокини шаҳри Бохтар, ки дар ҷустуҷӯи билети ҳавопаймост.

Чаро сафар ба Русия муҳим аст?

Қаблан мақомоти Русия гуфта буданд, ки чӣ гуна тавассути роҳи оҳан бурдани муҳоҷиронро баррасӣ доранд. Ҷониби Тоҷикистон ҳам гуфтааст, қаторҳояш барои бурдану овардани мусофирон омодааст.

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия рӯзи 1-уми апрел оғоз шуданд. Феълан ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “ЮтЭйр” ҳар ҳафта як парвозӣ анҷом медиҳанд. Бар иловаи ин, ширкатҳои “Уралские авиалини”, “Ямал” ва “Сибир” тавассути парвозҳои чартерӣ мусофиронро ба Русия мебаранд.

Мавзӯи сафар аз Тоҷикистон ба Русия барои он доғ аст, ки ҳазорҳо нафар мехоҳанд, дар айёми тобистон дар он кишвар кор карда, барои таъмини оилаи худ пул ёбанд. Соли гузашта ба сабаби пандемияи коронавурус ва баста будани марз даҳҳо ҳазор кас дар кишвар дармонданд ва даромади худро аз даст доданд.

Тоҷикистон солҳо боз бо мушкили бекорӣ рӯ ба рӯ аст ва ҳар сол садҳо ҳазор кас барои кору зиндагӣ ба Русия мераванд. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, ҷойҳои зиёди корӣ офаридаанд, мардум аз набудани кору камии маош дар идораҳои давлатӣ шикоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG