Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ба ҳимоят аз муҳоҷирони корӣ "Биржа" кушоданд, мушкил ҳал мешавад? ВИДЕО


Як ширкати вобаста ба Иттифоқи касабаи Тоҷикистон ба фиристодани дастҷамъонаи муҳоҷирони корӣ ба Русия оғоз кардааст. Қарор шудааст, ҳар гурӯҳи 50-нафарии муҳоҷиронро як намояндаи ширкат ҳамроҳӣ мекунад, то дар зиндагиву кори онҳо мушкиле пеш наояд. Муҳоҷирони тоҷик пайваста аз поймол шудани ҳуқуқи худ дар Русия шикоят мекунанд.

Биржа чӣ кор мекунад?

Юлдош Эшов, мудири Биржаи муҳоҷирони корӣ дар назди Иттифоқи касабаи Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи таъсиси корхона бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандон, ба вижа, ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар аст.

Юлдош Эшов
Юлдош Эшов

Ӯ рӯзи 26-уми май гуфт, "ҳарчанд аз таъсиси корхона вақти зиёд нагузаштааст, аллакай бо чанде аз корхонаҳо дар вилояти Маскав, Тамбов, Краснодар ва Иркутск қарордоди ҳамкорӣ имзо кардем. Теъдоди зиёди хоҳишмандони сафар аллакай ба мо муроҷиат мекунанд. Як мушкил мондааст ва он ҳам харидани билети парвоз аст."

Эшов мегӯяд, ширкатҳои Русия ваъда додаанд, ки пас аз фиристодани чанде аз муҳоҷирон омода мешаванд, пули билети гурӯҳҳои дигарро пардохт кунанд.

Дар мавриди маоши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия Юлдош Эшов гуфт, ба унвони мисол, дар корхонаи мурғпарварӣ дар вилояти Тамбов коргарон имкон доранд моҳона то 105 ҳазор рубл бигиранд. Ҳамчунин, ин корхона барои муҳоҷирон ва намояндаи ширкат ҷойи зист, се маҳал ғизо ва ҳар ҳафта ду ҳазор рубл барои ғизои иловагӣ медиҳад.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Биржаи нав умед дорад, ки мушкили муҳоҷирони кориро ҳал мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

Муҳоҷиронро дигарғамнамедиҳанд?

Раҳмон Улмасов, коршиноси тоҷик, бовар дорад, бори аввал дар Тоҷикистон ширкате таъсис шудааст, ки зерсохтори ниҳоди расмӣ буда, ба фиристодани муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия машғул мешавад. Ин дар ҳолест, ки қаблан намояндагони мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки гуруҳи муҳоҷиронро барои кор ба Русия фиристоданд, вале муҳоҷирон аз камбудҳо шикоят доштанд.

"Мо қаблан пешниҳод карда будем, ки дар Тоҷикистон намояндагии Биржаи меҳнати Русия кушода шавад", -- гуфт Раҳмон Улмасов.

Раҳмон Улмасов
Раҳмон Улмасов

Зеро, ба гуфтаи вай, миқдори зиёди корхонаҳои Русия бо камбуди коргарон рӯ ба рӯ ҳастанд: "Мисол, чаҳор моҳ пеш дар вилояти Ростови Русия як корхонаи бузурге ифтитоҳ шуд. Онҳо эълон кардаанд, ки коргаронро бо маоши 45-50 ҳазор рубл даъват мекунанд. Тӯли чаҳор моҳ ҳеч хоҳишманди кор ба ин корхона муроҷиат накардааст. Чунин корхонаҳо дар Русия зиёд аст ва ширкатҳое назири “Биржаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар назди Иттифоқи касабаи Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо сохторҳои Профсоюзи Русия метавонанд муҳоҷирони кории тоҷикро ба ин корхонаҳо сафарбар кунанд."

Мардум аз Тоҷикистон ба муҳоҷират мераванд, чаро?

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ва пулҳои фиристодаи онҳо ба хонаводаҳояшон бахши қобили мулоҳизаи иқтисод ва суботи Тоҷикистон дониста мешавад. Аммо соли гузашта ба далели баста будани марзи Русия садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аз сафар ба ин кишвари муҳоҷирпазир маҳрум шуда, даромади хонаводаҳо низ кам гардид.

Тибқи иттилои Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон, дар соли 2020 тақрибан 130 ҳазор кас аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соле аз он пеш 76 дарсад камтар аст.

Мувофиқи маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, мизони пулҳои фиристодаи шахсони воқеӣ аз хориҷа ба кишвар дар соли гузашта 6,3 дарсад кам шудааст. Ба маълумоти Бонки Марказии Русия, муҳоҷирон соли гузашта ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристоданд ва ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 759 миллион доллар камтар будааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми суханронӣ дар Рӯзи ҷавонон гуфт, соли гузашта мақомот 193 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис додаанд, аммо ин шабу рӯз ҳазорон нафар талош мекунанд, худро ба Русия бирасонанд. Онҳо мегӯянд, набудани ҷойи кори муносиб дар кишвар водор кардааст, ки ба ҳар роҳе ба Русия рафта, барои хонаводаҳои худ маблағ фиристанд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG