Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари тоҷик даъво дорад, ки шавҳараш барои таваллуди духтар аз ӯ ҷудо шуд. ВИДЕО


Чаро шавҳараш аз Амина ҷудо шуд?

Амина Мирзоева, сокини 24-солаи Кӯлоб, иддао дорад, ки шавҳараш пас аз таваллуди пайиҳами духтар аз ӯ ҷудо шуда, ба Русия рафт ва дигар онҳоро суроғ намекунад. Тилло Каримов дар тамоси телефонӣ гуфт, дар Русия оилаи нав бунёд кардааст, аммо далели ҷудоӣ аз ҳамсари тоҷикашро шарҳ надод.

Иддае дар ҷомеаи Тоҷикистон духтарро "моли мардум" медонанд ва ба таваллуди писар бартарӣ медиҳанд. Ҷомеашиносон мегӯянд, чунин мавридҳо оммавӣ ва ё сартосарӣ нестанд.

"Вақте тифли севум дар батнам буд..."

Амина Мирзоева, сокини маҳаллаи Фирдавии шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, бо шавҳараш, Тилло Каримов, панҷ сол зиндагии якҷоя доштанд ва ҳосили ин издивоҷ се фарзанд аст. Ӯ нақл кард, ки духтаронаш ҳар рӯз дар куҷо будани падарро мепурсанд, вале посух надорад.

"Ба Федератсияи Русия рафтааст. Як сол шуд, ки намепурсад. Бо се кӯдак ҳайрон мондаам", -- нақл кард ӯ рӯзи 7-уми июн.

Амина Мирзоева аз шавҳари аввалаи худ ҷудо шуда, сипас риштаи ҳаёташро бо Тилло Каримов пайвастааст: "Вақте тифли сеюмам дар батнам буд, фаҳмид, ки духтар аст, аз хона ронд."

Барои фаҳмидани мавқеи Тилло Каримов ва хонаводааш ба манзили онҳо рафтем, вале дар онҷо гуфтанд, ки хонаро се моҳ пеш фурӯхтаанд. Тилло Каримов дар тамоси телефонӣ гуфт, ки ҳамсараш дигар дар фикри ӯ набошад, чун дар Русия оила дорад.

"Маро на ба милиса диҳад, на ба журналист"

"Пеш аз он ки бо Шумо суҳбат кунам, бо ҳамсарам гап задам ва ҳамаи гапҳоро гуфтам. Маро на ба милиса диҳад, на ба журналист. Ман зиндагии худро дорам", -- гуфт Тилло Каримов ва аз ин бештар гап задан нахост.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Амина мегӯяд, шавҳараш барои таваллуди духтар ӯро "партофт"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Ҳоло Амина Мирзоева бо духтаронаш, Марями 5-сола, Румайсои 3-сола ва Оишамоҳи яксолаву думоҳа, дар оғилхонаи амакаш зиндагӣ мекунад. Аз инҷо ҳам гоҳе пеш мекунанд, гоҳе бармегардонанд. Нақл кард, ки аз хонаи ҳамсояҳо қуттии пластикӣ ҷамъ оварда, мефурӯшад ва зиндагияшро мечархонад.

Ойнисо Ҳоҷиева, ҳамсояи Амина, мегӯяд, "воқеан, дар оғил зиндагӣ мекунад. Мо, ҳамсояҳо, нону хӯрок ва либос ёрӣ мекунем."

Модари Амина, Шаҳло Бӯстонова, мегӯяд, ки ба монанди духтараш дарбадар аст. Падари хонадон ба муҳоҷират рафтааст, то кор кардаву барои худ ва фарзандон кулбае пайдо кунад.

Даст кашидани мардон аз ҳамсару фарзандони худ дар пайи таваллуди духтар, дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон мавзӯи нав нест. Бо он ки дар чанд соли охир назари ҷомеа ба духтардорӣ тағйир мехӯрад, ҳанӯз хонаводаҳое ҳастанд, ки ба хотири надоштани писар аз ҳамсарони худ ҷудо мешаванд.

Бо айни шикоят Саломат Раҷабова, сокини 34-солаи шаҳри Бохтар, моҳи апрели имсол ба Радиои Озодӣ шикоят карда буд.

Чанд соли охир Сандуқи нуфусшумории Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби маъракаи умумиҷаҳонии “16 рӯз ба зидди хушунат” озмуни беҳтарин падарҳоро баргузор мекунад, ки аз доштани духтар ифтихор доранд. Ҳадаф аз ин озмунҳоро масъулинаш намоиши мавқеи мусбати падарон дар кумак ба амалисозии имкониятҳои рушди духтарон ва ҳалли мушкилоти онҳо арзёбӣ мекунанд.

Бар асоси омори расмӣ 51 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро занону духтарон ташкил медиҳанд. 48 дарсади коргарон дар Тоҷикистон занонанд ва наздики як миллион зани хонашин ба сар мебаранд, ки аз 25 то 54 сол доранд.

XS
SM
MD
LG