Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари вазири энержии Эрон ба Тоҷикистон


Ризо Ардакониён, вазири энержии Эрон.
Ризо Ардакониён, вазири энержии Эрон.

Ризо Ардакониён, вазири нерӯ (энержӣ)-и Эрон, ба Тоҷикистон омадааст. Сайти расмии Вазорати энержии Эрон рӯзи 7-уми июн ҳадафи сафарро "иштирок дар чаҳордаҳумин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон" номид.

Ба иттилои манбаъ, вазири энержии Эрон дар Душанбе бо ҳамтои тоҷикаш Далер Ҷумъа, ки ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон аст, дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Ҳамчунин мулоқоти ӯ бо мақомоти дигари тоҷик дар робита ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар дар назар аст.

Эрон дар Тоҷикистон ду тарҳи бузург -- нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" –ро амалӣ кардааст. Пас аз робитаҳои сарди чанд сол пеш, айни замон ду тараф ба ҳам наздик мешаванд. Дар моҳҳои охир вазирони дифоъ ва корҳои дохилии Тоҷикистон аз Эрон сафар карданд. Дар моҳҳои феврал ва март вазирони корҳои дохилӣ ва хориҷии Эрон аз Тоҷикистон дидан намуда буданд.

XS
SM
MD
LG