Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни Амрико дар Ироқ ду ҳавопаймои бесарнишинро сарнагун кардаанд


Пойгоҳи "Айн-ул-Асад" дар вилояти Анбари Ироқ
Пойгоҳи "Айн-ул-Асад" дар вилояти Анбари Ироқ

Нерӯҳои амрикоӣ дар пойгоҳи "Айн-ул-Асад"-и Ироқ ду ҳавопаймои бесарнишинро, ки дар ҳоли парвоз бар фароз ё болои ин пойгоҳи низомӣ буданд, сарнагун кардаанд. Ҳодиса 6-уми июн рух дод. Пойгоҳи "Айн-ул-Асад" дар вилояти Анбар ва ғарби Ироқ ҷойгир аст.

Рӯзи 8-уми майи имсол низ як ҳавопаймои бидуни сарнишин пойгоҳи ҳавоии воқеъ дар вилояти Анбарро ҳадаф қарор дода буд, аммо ҳеч осебе дар пай надошт.

То кунун ҳеч кас масъулияти ҳамларо ба уҳда нагирифтааст, аммо мақомоти Иёлоти Муттаҳида ҳамвора гурӯҳҳои зери ҳимояти Эронро ба ҳамлаҳои мушакӣ ба манфиатҳои Амрико дар Ироқ айбдор мекунанд.

Моҳи марти имсол ба як пойгоҳе дар ғарби Ироқ, ки дар он нерӯҳои Эътилофи зери раҳбарии Амрико ҷойгиранд, 10 мушак зада шуд. Дар он ҳодиса як нафар ҷон бохт.

Гурӯҳҳои ниманизомии марбут ба Эрон аз сарбозони хориҷӣ, аз ҷумла нерӯҳои амрикоӣ (тақрибан 2500 нафар) талаб карданд, ки Ироқро тарқ намоянд. Онҳо ҳузури Амрикоро дар Ироқ “ишғол” номиданд.

Эътилофи таҳти раҳбарии Амрико, ки рисолаташ мубориза бо ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ аст, то ҳол дар Ироқ ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG