Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба кишварҳои ғарбии ҳавзаи Балкан иҷоза доданд, ки ба ИА бипайванданд


Давид Сассоли, раиси порлумони Аврупо
Давид Сассоли, раиси порлумони Аврупо

Раиси порлумони Аврупо гуфт, ба кишварҳои ғарбии ҳавзаи Балкан иҷоза дода мешавад, ки ба ин Иттиҳод бипайванданд.

Давид Сассоли рӯзи 5-уми июн тавсеаи Иттиҳоди Аврупоро барои сулҳу рифоҳи кишварҳои узв мусбат номид.

Вай афзуд, "тавсеаи ин Иттиҳод барои ҳама кишварҳои аврупоӣ ва минтақа фоидаовар аст ва дар умум ба амнияту субот, рифоҳу сулҳи ин қора кумак мекунад."

Дар ҳоли ҳозир Иттиҳоди Аврупо машғули гуфтугӯ бо Сербистону Монтенегро барои пайвастан ба ин Иттиҳод аст. Ҳамчунин Албанияву Мақдуния аз номзадҳои аслии узвият дар Иттиҳоди Аврупо ба шумор мераванд.

XS
SM
MD
LG